ХАБАРҲО

РОҲҲОИ ОБОД СӮИ ПЕШРАФТ МЕБАРАД

Роҳҳо пайвандгари наслҳову асрҳо ба ҳисоб меравад. Гузаштагонамон ҳам  бунёди роҳро амали хайру савоб меҳисобиданд.  Ҳамин аст, ки пешаи роҳсозӣ дар шароити кунунии Тоҷикистони азизи мо, пешаи муҳиму асосӣ ба ҳисоб меравад.  Боиси қайд аст, ки кормандони  Муассисаи исифодабарии роҳҳои ноҳия бо дарки баланди масъулият  дар амалисозии дастуру супоришҳои Президенти мамлакат дар ин самт саҳми худро мегузоранд.
Аҳли тифоқи муассисаи мазкур бо роҳбарии мутахассиси ботаҷриба  Назаралӣ Баҳодуров дар бунёду нигоҳдории роҳҳои дохили ноҳия нақши  назаррас доранд.
-Нигоҳубини хуби 130 киллометр роҳҳои дохилӣ ва 49,7 километр роҳҳои  байналмилалӣ аз онҳо масъулияти баландро талаб мекунад. Ба зиммаи  муассисаи роҳҳои ноҳия имрӯз қитъаи аз ҳамаи душвори роҳи Душанбе – Хоруғ вогузор аст,-мегӯяд сарвари кордон Н. Баҳодуров.
Айни ҳол  дар муассисаи мазкур   ба фасли зимистони дар пешистода ҳамаҷониба омодагӣ мебинанд. Техникаҳо пурра омодаи коранд. Ҳамчунин ба  миқдори зарурӣ   маводҳои зиди лағжиш захира гардидаву сару либоси зимистонаи кормандон ва ангишту  ҳезум барои  нуқтаҳои корӣ оварда шудааст.
Кормандони Муассисаи истифодабарии роҳҳои ноҳия дуруст дарк мекунанд, ки роҳҳои обод ин пешрафти ҷомеа аст.


“НФ”.