Бо шарофати даврони соҳибистиқлолӣ чанде пеш деҳаи Тақназарӣ бо Сомониён ивази ном кард, ки мардум онро хеле хуш пазируфтанд. Инак бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилоти байналмилалии «Наҷоти Арал» аз масофаи 6 км аз мавзеи Абдубовии поёни чашмаи Гурез, ба деҳа хатти оби нӯшокӣ кашида шуд. Ҳамзамон 500 метр роҳи деҳа низ таъмир гардид. Сокинони деҳаи Сомониён аз омадани оби нӯшокӣ ва ободии роҳи деҳаашон хурсанд гардида, аз масъулини ин амали хайр сипосгузоранд.
Собир ЗАРИФ .