Дар минтақаи Мискинобод ба хотири Шоири халқии Тоҷикистон гӯрғулисарои машҳур бобои Ҳикмат Ризо муҷассама гузоштаанд. Дар поёнтари он соҳибкор Шаҳобиддин Раҳматов ошхона – чойхона бунёд кард. Чойхона – ошхонае, ки соҳибкор бунёд кардааст, бо маънои тамом дар фаслҳои тобистону тирамоҳ ҷойи истироҳату фароғат аст. Инҷо чашмае ҳаст, ки обаш хунуку шифобахш мебошад. Соҳибкор дар назди ошхона – чойхона барои мизоҷон кату курсӣ ва чароғи барқӣ гузошт.
Агар маблағи сарфшудаи соҳибкорро ҳисоб карда бароем, зиёда аз панҷоҳ ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҷавонони бетарбия ободкориҳои соҳибкорро барбод доданд. Дар моҳи шарифи рамазон, ки ошхона муваққатан кор намекард, дару тирезаҳо ва арчаҳоро шикаста, асбобҳои барқиро вайрон карданд. Маълум, ки вайронкорон аз деҳаҳои дур нестанд. Онҳо ҷавонони деҳаҳои Гултеппа, Мискинободу Заркамаранд. Агар пеши роҳи ин разилону вайронкоронро нагирем, онҳо дар ошхонаҳои дигари минтақа даст ба вайронкорӣ мезананд. Мебояд, ки кормандони шуъбачаи корҳои дохилии минтақаи Қалъаидашт пеши роҳи чунин ҷавонони вайронкорро гирад.
Ҳоким САФАР.