ХАБАРҲО

САХОВАТИ БОБОИ АБДУРАШИД

Инак, моҳи шарифи Рамазон, ки моҳи хайру сахост, ба поён мерасад.  Таъкидҳои Сарвари давлатамон дар бобати дастгирию расонидани кӯмаку ёрӣ ба ятимону оилаҳои камбизоат аз тарафи сокинони саховатпеша ва ташкилоту муассисаҳо дар ноҳияи мо низ ҳамаҷониба ҷонибдорӣ мегардад. Бахусус дар даҳаи сеюми ин моҳи муборак расонидани ёриву ба сарпарастӣ гирифтани ашхоси ниёзманд ва ба кӯмак эҳтиёҷ дошта   анъана шудааст.
Сокинони деҳаи Кавраки колхози ба номи Амирҷон Ҳасанови ноҳияи Қумсангир Абдурашид Маҷидов солҳо боз бо меҳнати ҳалол, аз пешаи чорводорию деҳқонӣ ризқи фаровон ба даст меорад. Ӯ бо қаноатманди шукр аз додаи офаридгор намудаву мекӯшад ашхоси камбизоату ятим низ аз файзи меҳнаташ баҳра бардоранд. Бо ҳиммати баланди ин пири барнодил арафаи иди Фитр ба  ашхоси ятиму камбизоати ноҳия 300 килло гӯшт тақсим карда шуд.  
Чунин ҳимматбаландӣ ҳамасола аз тарафи ин шахси саховатманд амалӣ мешавад. Солҳои қаблӣ дар чанд деҳа ба чунин ашхос гӯсфанди зинда низ тақдим мекард.
Умуман ба даст овардани дили тифлони ятиму бепарастор амалӣ некест дар ин моҳи хайру сахо, ки боиси дастгирии ҳар шахси ботавфиқ бояд бошад.


«НФ».