Истироҳатгоҳи «Дурахшон», ки дар мавзеи хушбоду ҳавои диёрамон – Чилча воқеъ аст, оғӯши худро ба қабули даври дуюми мактаббачагон боз намуд. Дар даври якум 120 нафар хонандагон дар ин макон истироҳати бофароғат доштанд. Даври дуюм аз рӯзи 10 июл оғоз ёфт. Дар истироҳатгоҳ барои мактаббачагон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Барои хушу хуррамона гузаронидани истироҳати онҳо тез – тез шабҳои саволу ҷавоб, чистонгӯяк, шеърбарак, конференсияҳо, озмунҳои кашидани расми беҳтарин, иншои беҳтарин, инчунин чорабиниҳои гуногуни варзишӣ баргузор карда мешавад.
-Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия,- гуфт зимни суҳбат ба мо сарвари истироҳатгоҳи «Дурахшон» Ҷунайдулло Холов, барои ҳар даври истироҳатӣ 48 ҳазор сомонигӣ маблағ ҷудо намуд. Ин маблағ имкон медиҳад то барои истироҳати бофароғати мактаббачагон шароити хуби истироҳатӣ фароҳам биёрем.
Р. ГУЛБАҲОР