Давоми соли рафтаи 2014 дар ноҳияи Файзобод болоравии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ таъмин карда шуда, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, фарҳангу маориф ба даст оварда шудааст.
Иҷрои нақшаи ҳамаи намудҳои андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ пурра ва барзиёд иҷро гардида, ба буҷа аз ҳисоби андозу пардохтҳо ба ҷои 14 миллиони ба нақшагирифташуда 14 миллиону 752 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 914,7 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба соли 2013 2 милиону 49 ҳазор сомонӣ зиёд буда ба 105 фоизи нақша баробар аст.
Ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ бо суръат идома меёбад. Ҷойҳои нави корӣ муҳайё гашта ба ба истеҳсоли ҳарчи бештар маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат мекунад.
Соли сипаришуда ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 201милиону 977 ҳазор сомониро ташкил додки 104 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.
Соли гузашта бори нахуст дар майдони 1 гектар гармхонаи замонавӣ ва дар 0,20 гектар гармхонаи офтобӣ бунёд гардид.
Дар ҳудуди ноҳия корхонаҳои саноатии Ҷамъиятҳои саҳомии заводи хишт, “Шарбати Файзобод” оби маъдании “Гумбулоқ”, корхонаи равғанкашӣ ва заводи консервабарории ҷамъияти матлубот фаъолият менамоянд, ки мутаасуфона дар давоми сол фаъолияти аксари онҳо ғайриқаноатбахш буд. Бояд қайд кард, ки ҳанӯз корхонаҳои саноатии ноҳия бо иқтидори заруриашон кор намекунанд.
Соли 2014 дар ноҳия 2118 тӯйҳои домодию арӯсӣ, 196 хатнасур, 252 маъракаи чил, 343 маъракаи сол ба қайд гирифта шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки на ҳамаи ҷашну маросимҳо бо риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир мегарданд. Соли сипаригардида дар ноҳия ҳолатҳои вайрон кардани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба қайд гирифта шуд.
Дар маркази таълимии калонсолон курсҳои қолинбофӣ, қанодӣ, гудузӣ. Сабадбофӣ ва ғайраҳо ташкил шуда 182 нафар занони маҳаллӣ ба мӯзиш фаро гирифта шуд.
Дар бораи ин ва дигар дастоварду камбудиҳои ташкилоту муассисаҳои ноҳия, раиси ноҳияи Файзобод Каримиён Имомназар дар нишасти матбуотие,ки бо иштироки кормандони Васоити ахбори умуми мамлакат ва ноҳия доир гардид сухан кард.
Сипас раиси ноҳия ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ба суолҳои хабарнигорон посух гуфтанд.
Маълум шуд, ки соли 2014 соли дастгирии рушди соҳибкорӣ дар ноҳия оғоз ёфта, натиҷаҳои дилхоҳ медиҳад ва авалин корхонаи калони саноатӣ бо кушиши соҳибкорон дар баҳорӣ соли ҷорӣ мавриди истифода қарор хоҳад ёфт. таъмиру бунёди чоҳҳои амудӣ ва каналҳои обрав, ки боиси пешрафти соҳаи картошкапарварӣ хоҳадгардид, бунёди бозори нави говуқ мол, беҳтар сохтани сифати табобати беморон, таваҷуҳи бештар ба мазеву иншооти таърихи фарҳангӣ, ташкили корхонаҳои корҳои дастӣ, тақсими одилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ ҷумлаи он суолҳое буданд, ки дар ин нишаст посухи худро дарёфтанд.
Ҳамчунин раиси ноҳия Имомназар Каримиён ба хабарнигорон нақшаҳои нави созандагии сокинони ноҳия ва саҳми онҳо дар пешрафти кишвар давоми соли 2015 маълумот дод.
Низомиддини Шамсиён