ХАБАРҲО

«САБРИНА» ГУМ ШУД

 

Ду сол пештар дар кӯчаи марказӣ мағозаи «Сабрина» бо намои хеле зебо бунёд шуд. Анвои ғизоиаш гуногуну нархҳояш ба табъи харидорон мувофиқ. Бинои шафати «Сабрина», ки ба молу матои саноатӣ таҷҳизонида шуда «Дӯстӣ» ном гирифт, ба ҳусни «Сабрина» ҳусн зам кард. Ду маркази савдои зебо ба чашми роҳгузарон зуд меафтид.

Афсӯс, ки андак пастар дар бари «Дӯстӣ» биноҳои пастак пайдо шуда, «Мағозаи хӯрокворӣ», «Мағозаи атриёт» ва «Олами техника» ном гирифтаю бинои дуқабатаи собиқ қаҳвахонаи «Файзобод»-и ҷамъияти матлуботро пӯшонданд.

Имсол бошад, ҳамин гуна биноҳои ба қавли мардуми маҳаллӣ, «чуқаку пуқак» дар даромадгоҳи «Сабрина» «қомат афрохтанд», ки зебоии «Сабрина»-ро ду пул карданд. Дигар на «Сабрина» хуб менамояду на «Дӯстӣ». Роҳи пиёдагард ҳам ҳамагӣ ду қадам монд. Ба шарте се кас бар ба бар оянд, пешпо мехӯранд.

Бояд бигӯем, ки фурӯшгоҳҳои «чуқаку пуқак» дар пешорӯи биноҳои хушсохт бисёр шуда истодаанд, ки ҳусни шаҳракро мекоҳонанд. Ин қабил биноҳо ба ангушти шашуми панҷа монанданд, ки касро нороҳат мекунанд.

Маълум, ки биноҳои нозебу «дарбеҳӣ» ба хотири ба даст овардани фоида бештар рӯ мезананд, яъне доро ҳар қадар зиёдтар сарват дошта бошад, ҳамон қадар баднафстар мешудааст.

Саволе ба миён меояд, ки масъулони бахши меъмории ноҳия ба куҷо менигариста бошанд?!

Ҷ.БАҲОРОВ, «НФ».