ХАБАРҲО

ХАБАРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ

  Рӯзи 1 апрели  соли равон  Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати панҷум, баргузор гардид.

Аз шумораи 40 нафар вакилони халқ 35 нафар ҳозир буданд. Ба иҷлосия кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ, ташкилоту муассиса, хоҷагиҳо, намояндагони воситаҳои ахбори омма, ҳизбҳои сиёсии дар ноҳия фаъолиятдошта даъват шуда буданд. Бо таклифи вакил   аз ҳавзаи интихоботии Бӯстон рақами  3  Раҳимова Басбигул котиботи иҷлосия дар ҳайати се нафар: Ғиёсова Саломат – вакил аз ҳавзаи интихоботии Муминобод рацами  38,  Азизов Абдулло - вакил аз ҳавзаи интихоботии Қанғелӣ рақами  14 ва Худойдодов Абдулҳаким Нарзулоевич - вакил аз ҳавзаи интихоботии Мискинобод рақами  34 интихоб гардиданд.

Раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ  ба муҳокимаи вакилон масъалаҳои зеринро пешниҳод кард:

-  Дар бораирафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва нақши вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар рушди маҳал

-   Ахбори Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия  “Оид ба ояндабинии иқтисодиёт, саноат ва буҷет” ҷиҳати амалишавии лоиҳаҳои Барномаҳои рушди маҳал дар беҳтар намудани шароити кору хизматрасонӣ ба аҳолӣ

- Дар бораи ҳолати иҷрои буҷети маҳаллӣ дар семоҳаи аввали соли 2019

 -   Дар бораи тасдиқи амр ва қарорҳои раиси ноҳия 

Рӯзномаи пешниҳодгардида аз ҷониби вакилони халқ тасдиқ гардид.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия “Дар бораирафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва нақши вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар рушди маҳал   аъзои комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба сохтмон, шаҳрсозӣ ва хизматрасонии коммуналӣ     Нурзода Сафарбег Партов  маълумот дод.

Аз рӯи масъалаи дуюми иҷлосия, оид ба ахбори Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба ояндабинии иқтисодиёт, саноат ва буҷет, ҷиҳати амалишавии лоиҳаи Барномаҳои рушди маҳал дар беҳтар намудани шароити кору хизматрасонӣ ба аҳолӣ    сухан ба раиси Комиссияи доимии  Саидова Тоҷиниссо баромад намуд.

Аз рӯи масъалаҳои баррасишуда   вакилон  Зубайдов Зайдулло ва      Саидов Аскар   ба музокира  баромаданд. 

                Сардори раёсати молияи ноҳия Раҷабов Иноятулло  масъалаи сеюми иҷлосияро  ба баррасии вакилон пешниҳод кард. 

                Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Восеев Ш.Қ. аз рӯи масъалаи панҷуми иҷлосия баромад намуд.

                Раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ дар анҷоми кори  иҷлосия  барои дар ҳамаи самтҳои умедворӣ аз он намуд, ки вакилони халқ дар оянда баҳри  пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия кӯшишу ғайрати худро дареғ намедоранд. 

Дар оғоз ва анҷоми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Суруди миллӣ садо дод.

“НФ”.