Офтоби рӯи Модар таҷаллии нури Илоҳист. Аз ин рӯ, чеҳраи модарон бағоят гарм аст.
***
Бузургтарин муҳаббат ин муҳаббати Модар ба фарзанд аст ва азизтарин садоқат ин садоқати фарзанд ба Ватан.
***
Шуълаи муҳаббати Модар басо гарму тафсон аст, вале ҳаргиз намесӯзонад.
***
Таровати баҳор дар зан асту нафосати зан дар баҳор.
***
Мардро зебоии зан мафтун мекунад.
Таҳияи Қ.ҶОМӢ.