ИҶТИМОЪ

ДИЁРАМОНРО САБЗУ ХУРРАМ ГАРДОНЕМ

Бо фарорасии мавсими ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ мардуми меҳнатқарини ноҳияи Файзобод аз аввали сол  камари ҳиммат баста, дар ин самт як қатор корҳои заруриро ба анҷом расониданд. Фоида ва аҳамияти ниҳолшинонию кабудизоркуниро қариб ҳар як фарди ноҳияи мо хуб эҳсос менамоянд.

Аввалтар аз ҳама шинонидани ниҳолҳо, бунёди боғҳо дар талу теппаҳо ва қад-қади роҳҳо воситаи асосии пешгирӣ аз фаромадани тармаву сангрезаҳост. Ҳамчунин нигоҳдории роҳҳои одамгузар, дарахтзорҳои дохили шаҳру маҳаллаҳо ягона воситаи пасткунандаи садои автомобилҳо мебошад. Бар замми ин дарахтон пеш аз ҳама манбаи фурӯбарандаи газҳои заҳрноканд. Дарахти сӯзанбарг ва гулу буттаҳо несткунандаи бактерияҳои зараррасон, дарахтони паҳнбарг несткунандаи чангу ғубор ва манбаи ҳосилкунии оксиген ба шумор рафта, дар тозагии ҳавои иқлим нақши калидӣ доранд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фоида ва манфиати дарахту дарахтшинониро ба инобат гирифта, дар тӯли 25 соли Истиқлолият доир ба ободонӣ ва кабудизоркунии шаҳру ноҳияҳо як қатор барномаҳоро амалӣ намуд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду паҳлӯи шоҳроҳи ноҳия то имрӯз беш аз 17000 ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуд.

Айни ҳол дар ҷамоатҳои деҳоти Ҷавонон, ба номи Дӯстмурод Алиев, Вашгирд, Бӯстон  талу теппаҳои ду тарафи шоҳроҳ ҳамвор ва барои кабудизоркунӣ мувофиқ гардонда мешаванд.

Аз 10601 бех ниҳолҳои ороишии дар ду тарафи роҳ шинонидашуда фақат 5 фоизи он хушк шуданд, ки онҳо пурра барқарор карда шуданд. Маъракаи муҳими ниҳолшинонӣ давом дорад.

М.НАЗАРОВ,
сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти  ноҳия.

Шаблоны joomla скачать здесь