ИҶТИМОЪ

МОҲИ ҲУНАРМАНД

Моҳ Ятимзода ҳангоми дар мактаб хонданаш ният дошт, ки дар оянда ҳунарманди кошонаи ҳусн бошаду ҳуснбахши бонувон гардад. Пайи амалӣ шудани мақсадаш аз модараш, ки ҳунарманди «Кошонаи ҳусн» буд, нозукиҳои ҳунар омӯхт. Ва ба кор ба корхонаи «Кошонаи ҳусн», ки дар қабати дуюми бинои ҶДММ «Хизмат» ҷойгир аст, омад. Рӯзе ба коргоҳ даҳҳо бонувон барои ороиши мӯи сару ба тартиб даровардани мӯю рухсора ба назди ӯ меоянд. Ӯ инчунин барои навхонадоршавандагон либосҳои шинами домодию арӯсӣ тайёр карда бо нархи дастрас пешкаш менамояд. Дар давоми соли гузашта Моҳ Ятимзода ба 47 нафар либосҳои шинами домодию арӯсӣ дӯхт.

Дар корхона душворие, ки ба рафти хизматрасонӣ монеа эҷод мекард, мизу курсӣ буд. Моҳ Ятимзода барои боз ҳам беҳтар хизмат расондану бонувонро ҷалб кардан, ба маблағи ба даст овардааш ба корхона мизу курсӣ, матоъҳо барои тӯи арӯсию домодӣ ворид кард.

Моҳ ният дорад, ки бо дастгирии роҳбарияти ҶДММ «Хизмат» ҳунарашро ба бонувони бекор ёд дода онҳоро ба корхона ҷалб намояд. 

Ҳоким САФАР.  

Шаблоны joomla скачать здесь