ИҶТИМОЪ

ЗАН ЗИННАТБАХШИ ҲАЁТ АСТ

Имрӯз тамоми занон дар ҷамъият дар баробари мардон мавқеи арзанда ва назаррас доранд. Зан пеш аз ҳама Модар аст ва новобаста аз вазифа ва уҳдадориҳои дар ҷомеа доштааш дар оила масъулияти бузургеро ба уҳда дорад. Модароне ҳастанд, ки ба ташвишҳои рӯзгор машғул шуда барои фарзандонашон кам вақт ҷудо менамоянд, ки ин боиси ба амалҳои номатлуб даст задани фарзандон мегардад. Ҳар модар бояд, ки фарзандашро омӯзонад ва он чизе, ки ба ӯ нофаҳмост, фаҳмонад. Чунки пояи устувори инсонӣ ин модар аст, яъне фарзанд ба монанди деворест, ки хишти аввали онро модар мегузорад . Ба маврид гуфтаанд, ки:

Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,

То ба охир меравад девор каҷ.

Баробарҳуқуқии зану мард мақоми занро дар ҷомеа боло бардошт. Боиси сарфарозист, ки имрӯз занон дар тамоми соҳаҳо фаъолият мекунанд. Шоири ширинкалом Мирзо Турсунзода ашъори бештари худро дар васфи Зан-Модар бахшидааст. Яке аз байтҳои ӯ чунин аст:

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,

Норасида бодае дар ҷом мемондем мо.

Дар ситоиши зан-модар шабу рӯз сухан бигӯям ҳам, гуле аз гулзори ҳусну садоқати модарро рӯйи қоғаз оварда наметавонам.               

Ҳомидзода ШУКРОНА,

 хонандаи синфи 11 МТМУ №1.  

Шаблоны joomla скачать здесь