ИҶТИМОЪ

СУПОРИШИ ҚАТЪИИ РАИС

Деҳаи мо дар фасли зимистон назар ба дигар деҳаҳои диёр серборишу қаҳратун аст. Махсусан боридани барфи баланд рафтуои мардумро душвор мегардонад. Бо мақсади дар фасли зимистон тоза кардани роҳҳои мошинагарду одамгард аз барф мардуми деҳа маблағ ҷамъ карда як булдозери К-100 хариданд. Ин булдозер солҳо мушкилоти сокинони деҳа ва деҳаҳои дигарро сабук мегардонид. Мутаассифона, ду сол қабл ин булдозер беному нишон гардид. Хушбахтона, баъди аз асли воқеа хабардор шудан бо супориши бевоситаи раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ булдозер ба хизмати мардуми деҳа баргардонида шуд ва бо кӯмаки раиси маҳалла Лутфулло Маҷнунов аз нав таъмир гардид.

Инак, имсол маротибаи сеюм мешавад, ки мо бе азоб роҳи деҳаамонро бо булдозер аз барф тоза мекунем. Аз раиси ноҳия, ки  бо супориши қатъии ӯ техникаи мардум баргардонида шуд, миннатдорем.

Аз номи сокинони

деҳаи Даштимарзо Мирзо САФАРОВ.

Шаблоны joomla скачать здесь