ҲУҚУҚ

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Муносибатҳои байналмилалӣ, ки дар солҳои охир хеле зиддиятнок ва муқовиматомез гардидаанд, хосияти бераҳмонаи бараҳнагиро ба худ гирифтааст.Ҷараёнҳо ва нерӯҳои сиёсӣ беш аз беш сифатҳои иртиҷоию ифротии хешро ошкор месозанд. Дар ин қатор ҷараёни экстремизми сиёсӣ яке аз масъалаи муҳимест, ки тамоми кишварҳои дунё ва дар қатори онҳо  мамлакати моро ҳам ба ташвиш овардааст. Имрӯзҳо терроризм ва  экстремизм  бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ айён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаҳои мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст  ва аз ин рӯ зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи онро бояд омӯхт.
Мураккабтарин ва хатарноктарини зуҳури терроризм он аст, ки дар заминаи эътиқоди динӣ   пайдо шуда  бошад. Терроризми динӣ ба он асос меёбад, ки амалҳои террористӣ бо таълимоти динӣ тақвият дода мешаванд. Чунин ҳолат бештар хосияти фардӣ мегирад ва ба фанатизми аъзои гурӯҳҳои террористӣ нигаронида шудааст ва амалҳои  террористиро фақат воситаи муваффақшавӣ ба мақсадҳои умумӣ надониста, онро ҳамчун наҷоти шахсӣ дар роҳи адо кардани қарзи бандагӣ дар назди худои муқтадир медонанд.
Имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротгаро бештари ҷавонони тоҷикро, ки дар Русия ҳамчун муҳоҷири корӣ иқомат мекунанд ва бо сабаби надоштани машғулият ва даромади муносиб бо пешниҳоди  «ба даст овардани пули хуб бо ширкат дар як ё ду амалиёт» фирефта намуда,  ба доми макри худ мекашанд.
Бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, Шӯрои занони ноҳия вобаста ба мавзӯи зикргардида нақша-чорабиниҳои худро тартиб дода, аз ҳисоби занҳои собиқадор, фаъолзанон, занони рӯзгордида гурӯҳи таблиғотӣ ташкил намуда, дар тамоми деҳаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо сокинон суҳбату вохӯриҳо гузаронида,  оиди шомилшавии иддае аз наврасону ҷавонон, занону духтарон  ба гурӯҳҳои ифротӣ, дар давлати ба ном исломии Ироқу Шом, ки  ба муқобили мусулмонони дигар меҷанганд, ки  аксарияти онҳо дар ин мулки бегона қурбон мешаванд гуфта гузашта, падару модаронро бори дигар таъкид намуданд, ки ба чунин вабои аср бетараф набуда фарзандони худро, ки дар дохил ва хориҷи кишвар зиндагӣ доранд, нагузоранд, ки фирефтаи  гурӯҳҳои тундрав гардида ба Модар- Ватани худ хиёнат кунанд.
Гурӯҳи таблиғотӣ дар ин самт бо усули хона ба хона ба фарзандони онҳо муроҷиат намуда, хоҳиш намуданд, ки аз аҳволи онҳо бохабар гардида, ба масъалаи тарбияи онҳо, масъулияти давлату ватандорӣ, худшиносию худогоҳӣ, ифтихори миллӣ  диққати ҷиддӣ диҳанд.
Масъалаи дигаре, ки имрӯз ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст, тамоюли бегонапарастӣ  ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона, ҳисси бегонапарастӣ, тақлидкорӣ мебошад. мушоҳида мекунем, ки тақлиди занону ҷавондухтарон ба тарзи либоспӯшии бегона кӯр-кӯрона буда, ифодагари беиттилоотӣ ва бехабарӣ аз асли масъала мебошад. Занони мо либосҳои бегонаро бо номи «ҳиҷоб» ё «сатр» истифода карда  бо ин васила гӯё шариатро риоя мекарда бошанд. Вале дар асл маънии «ҳиҷоб»- парда ва «сатри аврат» - пӯшонидан ё пинҳон кардани аврат мебошад. Яъне пӯшонидани аврат  тавассути либос. Ба ҳамаи мо маълум аст, бибию момоҳои мо ҳам «ҳиҷобу сатр» доштанд, ки он комилан миллию суннатӣ ва хоси фарҳангу анъаноти мо буд, на ин ки мисли имрӯза «сатру»-у «ҳиҷоб»-сиёҳранг. Мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона доштанд ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуданд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпӯш раво нест, ҳатто либоси мотамии  мардуми мо сиёҳ буда наметавонад ва дар ҳеҷ як давру замон дар ватани мо роиҷ буда наметавонад.  
Гурӯҳҳои ифротгаро метавонанд, ки  бо ақидаҳои фанатикии худ занону духтарон ва ҷавононе, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти ислом ба пурраги огоҳӣ надоранд, ба сӯи худ ҷалб намоянд. Шукри истиқлоли ватану давлатро намудан,  шукри суботу оромӣ кардан ва ваҳдати  ҷомеа талош доштану бегонапарастӣ накардан, яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад.

М. ШАРИФОВА,
мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оила.