Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод барои ишғоли мансабҳои холии Зерини хизмати давлатӣозмун эълон менамояд.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис - таҳсилоти олӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии корӣ;
- барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар ва нозири мизи ҳарбии бақайдгирӣ - таҳсилоти олӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии корӣ;
- барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис - таҳсилоти олии касбӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;
Довталабон ба комиссияи озмуни ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
1. Ариза ба номи раиси ноҳия барои иштирок дар озмун.
2. Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 3 дона расми андозаи 3x4.
3. Шарҳи ҳол.
4. Нусхаи шиноснома.
5. Нусхаи ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (диплом).
6 Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ.
7. Маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ, шакли 086У
8. Маълумотнома аз нозироти андозҳо.
9. Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда.
Ҳуҷҷатҳои довталабон дар давоми 21 рӯзи баъди нашри эълони озмун дар шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгохи раиси ноҳия қабул карда мешаванд.
Комиссияи озмунӣ.