ВОКУНИШ

ҲАФТ ЧАШМА КУҶО РАВОН АСТ? - БОНГИ ИЗТИРОБ АЗ НОРАСОИИ ОБ

ҲАФТ ЧАШМА КУҶО РАВОН АСТ? - БОНГИ ИЗТИРОБ АЗ НОРАСОИИ ОБСокинони шаҳраки Файзобод тантанаи шодмонии тирамоҳи соли 2003-юмро аз хотир набаровардаанд. Ин тантана рӯзи чоршанбеи 20 ноябр ба воқеаи муҳимтарини диёр, ба маркази ноҳия омадани оби мавзеи Ҳафтчашма бахшида шуда буд. Вобаста ба ин воқеа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон ҳамоҳангсози Хазинаи Оғохон дар Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов, Вазири маорифи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Раҷабов (рӯҳаш шод бод), Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ Рафиқа Мӯсоева, намояндагони як қатор ташкилоту муассисаҳои кишвар ба Файзобод омада, таъминоти оби нӯшиданиро ба сокинони шаҳрак муборакбод гуфтанд.


Воқеан, омадани оби Ҳафтчашма дар ҳаёти иҷтимоии мардуми шаҳрак муҳимтарин рӯйдоди чанд даҳсола ҳисоб мешуд. То ба он вақт сокинони шаҳрак аз оби зеризаминии назди соҳили дарёчаи Элок истифода мебурданд, ки ба воситаи насосҳо ба обанбор бароварда мешуд. Ин об дар шароити камчинии барқ,  хусусан дар фаслҳои тирамоҳу зимистон хароҷоти зиёдро талаб менамуд. Ду чоҳи артезионии ҳамонвақта бо ду насоси обкашӣ дар як рӯз ба обанбор 1179 мукааб метр об медод, ки камтар аз нисфи (42 фоиз) эҳтиёҷоти аҳолии мавҷударо таъмин мекард. Аз ин миқдор тахмин даҳ фоизаш, бинобар набудани ҷумаку дигар сабабҳои техникӣ, беҳуда ҷорӣ мешуд. Ҳамин тариқ истеъмолкунандагони шаҳрак ҳамагӣ 25-30 фоизи талабот оби нӯшиданӣ гирифта метавонистанд. Эҳтиёҷоти солонаи аҳолии шаҳрак бо оби ошомиданӣ аз рӯйи меъёрҳои ҳадалимкони санитарию беҳдоштӣ як миллиону ҳаштсад ҳазор мураббаъметр аст, ба таври дигар гӯем, ҳамарӯза 2760 метри кубӣ об сарф мешавад. Умуман барои эҳтиёҷоти аҳолиро пурра қонеъ гардондан 8 чоҳи артезионии стансияҳои обкашӣ зарур аст. Дар ин сурат ҳамасола 453272 сомониро талаб мекунад. Барои кори беисти 8 адад чунин насоси обкаш дар як сол 3 миллиону 854 ҳазор квт-соат қувваи барқ лозим мешавад. Ин мушкилотро ҳамон сол (2003-ум) хати оби Ҳафтчашма ба пуррагӣ ҳал кард, ки он беш аз 24 километр дарозӣ дорад.
Ҳафтчашма, тавре аз унвонаш маълум аст, аз ҳафт чашма ва аз ин ҳам зиёдтар чашмаҳои куҳӣ ибтидо мегирад. Чашмаи Ҳасан серобтарин аст. Ҳамин чиз ҳам боиси қайд кардан аст, ки оби Ҳафтчашма бо хусусиятҳои фоиданокӣ аз обҳои зеризаминӣ ба куллӣ фарқ дорад. Шаффофии ин об бемориҳои ҷигар, гурдаю талхаро рафъ месозад. Нӯшидани он табъи касро болида мегардонад.
Аз ҳамин рӯ, “Ҳафтчашма”-ро мардуми шаҳрак ҳамчун роҳати ҷон қабул карданд. Ва ба ҳамин муносибат базми хурсандӣ оростанд.
Хати оби “Ҳафтчашма” дар ибтидо ба ниёзи сокинони шаҳрак созгор омад. Хоҳарону модарони мо аз соатҳои интизории назди ҷумакҳои оби мавҷуда эмин монданд. Об то ба қабатҳои сеюму чоруми истиқоматгоҳҳои баланд баромад. Мардум, хусусан модарон, дар ҳаққи раиси вақт Абдуқодир Давлатов барои  ҳимматбаландиаш дуои давлат карда, ба ҳафт пушташ “Раҳмати Худо” фиристоданд. Ҳақиқатан ҳам аз ҷониби роҳбари ноҳия даст задан ба ин кор олиҳиматӣ буд. Зеро дар даврони шӯравӣ, ки шароити кору маблағ басандагӣ мекард, кори канали Ҳафтчашма (он вақт обёрии 110 гектар замини совхози “Файзобод” дар назар дошта мешуд) ба субут нарасид. Чунки оби мавзеи Ҳафтчашмаро асосан тавассути хати заминӣ, фақат дар ҷо-ҷо бо ҷӯйбори бетонӣ ба маркази ноҳия оварданӣ буданд.  Чунин тартиб имкон надод, ки оби мавҷуда ба тамом ҷорӣ гардад, зеро он аз ихтиёри хати кашида берун шуд, дар ҷойҳои мушкилгузар ба монеаҳо дучор омад, қисме бухор гардид. Ҳукумати ноҳия бо дастгирии хазинаи ноҳиявии Оғохон ба ин кор моҳирона даст зад. Кор аз рӯйи лоиҳа ба роҳ монда шуд. Давоми 5 моҳ садҳо нафар сокинони деҳоти наздики марказ якҷоя бо даҳҳо нафар мутахассисон, гуфтан мумкин, шабу рӯз заҳмат кашидаанд, то ғаму дарди беобии сокинони шаҳракро рафъ созанд. Чӣ тавре мо шоҳидем, чанд кас аз мутасаддиён, инчунин коргарони қаторӣ ҳини кор саломатии худро бой доданд. Албатта, тавре ишора рафт, овардани об аз масофаи дур бо ҳазор мушкилӣ, шабзиндадорию беқарорӣ, майнаобкунию бурдборӣ, ба як ифода, қаҳрамониро талаб мекард. Ҳамаи ин паси сар шуду об омад. Ва он барои истифодаи шабонарӯзии аҳолии ҳамон вақт 9- ҳазорнафараи шаҳрак тӯҳфаи муносиб гардид. Ин тӯҳфаи арзишманд хурсандии мардумро як бар даҳ кард. Афсӯс, сад афсӯс, ки хурсандӣ умри кӯтоҳ доштааст...
Чор – панҷ соли охир бемории нарасидани оби нӯшокӣ, ба таври дигар, танқисии таъмини беминнати оби нӯшиданӣ, аз нав рӯ задааст. Ҳарчанд ки дар ин миён бо маблағҳои захиравии Президенти Тоҷикистон аз мавзеи Чува ба дарозии 16 километр ба маркази ноҳия хати об кашиданд. Аммо оби Чува мушкили мардумро осон накард. Зеро, чи хеле ки ҳолдонҳо мегӯянд, ин хати об нуқсу иллати зиёд дорад. Ҳамин аст, ки ҳарчанд бо маблағҳои буҷа дафъатан сару кор гирифта бошанд ҳам, мардуми ташнаро сер карда натавонист. (Чува мавзӯи навбатии баромади нашрия хоҳад шуд.)  
Ҳоло “Ҳафтчашма” на танҳо ба қабатҳои болоии иморатҳои чорошёна об намедиҳад, умуман ҳамаи маҳаллаҳои ҷамоати шаҳрак обро ба зарурати рӯзгор гирифта наметавонанд. Ин маҳаллаҳо рӯзе зиёди зиёд ду соат об мегиранд, бисёр вақт об дар ним соат хушк мешавад, вақтҳое ҳам ҳаст, ки ба аксар ҳавлиҳо умуман об намебарояд, КВД “Хоҷагии манзили коммуналӣ” бошад аз рӯи меъёри 8 соат ҳақи “хизмат” талаб мекунад. Сокинони кӯчаи Розиқзода аз ноилоҷӣ назди хонаҳояшон чоҳ кофтаанд. Дар кӯчаи Айнӣ падарраҳмати Шарифи писари Ҳоҷӣ Фозил ба хотири савоб аз чуқурии 70 метр барои истифодаи умум об баровард. Вале ин об аслан барои шустушӯй мувофиқ аст. Чояш хӯрданбоб нест.
Модарон аз нарасидани оби Ҳафтчашма бо ҳасрат гила мекунанд. Бо мақсади ба миён гузоштани ин масъала аз бисёр кӯчаҳои шаҳрак дидан карда бо сокинони он сӯҳбат доштем. Ойимгул Қараева, Зевар Раҳимова, Нурбӣ Рафиева (аз кӯчаи Сино), Баҳрӣ Қараева, Малика Шоева, Ҷамила Саидова, Наргис Салимова, Зубайда Шарифова (аз кӯчаи Исмоили Сомонӣ), Хосият Гадоева, Сафармоҳ Давлатова, Ҳалима Неъматова, Дилафрӯз Бақоева, Гулсифат Салимова (аз кӯчаҳои Айниву Зебуннисо), Зебунисо Қурбонова, Каромат Боев, Ҳокима Холиқова (аз кӯчаи Гулистон), умуман садҳо нафар шиква карданд, ки “аз оби водоправод ҳатто барои истеъмоли якрӯза базӯр об мегиранд, ҳамон ҳам аз водоправоди дари хонаҳо не, аз чорраҳа”, яъне аз ҷумакҳои хатҳои оби умумӣ. Манзараи обгирӣ дар маҳаллаи Айнӣ басо ҳузнангез аст. Модарону хоҳарон қабл аз омадани об зарфҳои худро қатор монда навбат меистанд. Мешавад, ки ҷураки об дар ним соат халос мешавад. Ноумедшудагон сатилҳо дар даст хона ба хона об мекобанд. Мурод, ки ҳосил нашуд, ноилоҷ боз назди ҳамон обкашаки Шариф мераванд. Бояд бигӯем, ки то ҳануз таркиби ин об санҷида нашудааст, ки нӯшиданибоб аст ё не.
Вақте, ки аз мутахассиси дараҷаи олии соҳаи беҳдошти санитарӣ Аббос Зардов, ки чанд соле вазифаи директори маркази тарзи ҳаёти солими ноҳияро уҳда мекард, аз хусуси талаботи об барои як нафар одами солим, пурсон шудем, гуфт: “Барои як одами солим дар як шабонарӯз камаш 350 литр об зарур аст”. Инҷо эҳтиёҷоти ҳаматарафа, аз ошомидан то пухтупазу шустушӯ дар назар аст. Модоме чунин бошад, вой бар ҳоли онҳое, ки аз хати “Ҳафтчашма” ба хӯрдан базӯр об меёбанд.  
Мо, муаллифони ин мақола, чандин карат аз норасоии оби “Ҳафтчашма” дар баъзе кӯчаҳо аз кормандони КВД “Хоҷагии манзили коммуналӣ” пурсон шуда, дар ҷавоб мешунавем: “Об аз сарбанд кам аст”. Тамом, васалом. Аҷабо! Охир, чӣ хеле медонем, аз сарбанди “Ҳафтчашма” ҳар сония 30 – 60 литр об ҷорӣ мешуд, ки, ба қавле, аз сару фуки ҳама зиёдатӣ мекунад. Наход оби ҳафт чашма якбора кам шуда бошад?! Ба мушоҳидаи мо, илова ба оби чашмаҳои ҷоришаванда дар домани кӯҳи ин мавзеъ тарма ҳам ҳаст, ки ҳини тобистон дарёчаро сероб мекунад.
Шояд гапи кормандони “Хоҷагии манзили коммуналӣ” дурӯғ набошад? Ё инҷо сирре ниҳон аст? Таги коса нимкоса бошад-чӣ?!
Идораи нашрия пайи ҳамин масъала ба сафар мебарояд. Дар ин сафар аз ҷамоати шаҳрак Амоналӣ Боев (собиқ сардори КВД “Хоҷагии манзилии коммуналӣ”), аз шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия Манучеҳр Миров, аз КВД “Хоҷагии манзили коммуналӣ” Саъдулло Камоловро ҳамроҳ мегирем.
...Мавзеи Ҳафтчашма роҳи гузари осон надорад. Аз маркази ноҳия якунимсоата роҳ аст. Мошини кирокардаи мо аз шебу фароз, пастию баландиҳо гузашта ба Ҳафтчашма расид, ки аз сатҳи баҳр дар баландии 2200 метр ҷой гирифтааст. Ҷоришавии оби мусаффо баҳри дилро кушода, чашмро мебарад. Дидем, ки қариб нисфи оби аз ҷониби кӯҳи тармадор ҷоришаванда сӯйи дарёи Кофарниҳон ҷорист. Ва ҳамон замон собит шуд, ки даъвои кормандони КВД “Хоҷагии манзили коммуналӣ” дар хусуси кам шудани оби сарбанд ҳавоӣ будасту ҳазён. Яъне аз рӯи тахмини пешакии мо коса нимкоса доштааст, ки онро поёнтар ифшо  менамоем.
Ҳайати панҷнафара кӯшиш карда бо бели аз идораи нашрия ва қувваи панҷаҳо як қисми обро сӯйи қубури “Ҳафтчашма” гардонидем. Лаҳзае нагузашта об аз тарқиши зарфи худсози сарбанд берун ҷастан гирифт: маълум, ки аз ғунҷоиш зиёд шуд. Сабабашро Амоналӣ Боев фаҳмонд: “Қубур қум пур кардааст. Ана бо ҳамин сабаб об то Файзобод намерасад”. Фақат ҳамин як сабаб бошад, ба хайр. Агар сабабҳои дигар бошад-чӣ? – худ ба худ савол медиҳем мо, зеро раҳораҳ гӯшамон бод ёфт, ки то маркази ноҳия, то ба обанбор расидани “Ҳафтчашма” он дар хати сафар ба сад балои дигар  гирифтор мегардад.
Дар Ҳафтчашма аз чизи дигаре огоҳ шудем, ки аз ин хусус ногуфта гузаштан хуб нест. Ин мавзеи серобу алаф ва салқин чарогоҳи чорпоён аст. Дар сарчашмаи Ҳафтчашма гову бузу гӯсфанд, хару хингала чаро мекунанд. Табиист, ки оби мусаффо олудаи ифлосӣ мешавад. Азбаски замини ин мавзеъ дар ихтиёри шаҳри Ваҳдат аст, ҷониби Файзобод даъвое пеш гузошта наметавонад. Ҳамсафари мо А. Боев сари мансаби директори КВД “ХМК” буданаш дар бораи даҳ гектари ҳудуди сарбанди Ҳафтчашмаро ба ихтиёри ноҳияи Файзобод вогузоштан ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат муроҷиат кардааст. Соҳиби замин гӯё ризоият дода, ҷиҳати қонунии масъаларо тақозо намудааст. Минбаъда кумитаи заминсозии ноҳия беаҳамиятӣ карда, пушти кор нагаштааст.
Ҷониби Файзобод ҳоло ҳозир чизе бой надодааст, агар ин кор, яъне ақаллан  ҷудо намудани даҳ гектар замини ҳудуди Ҳафтчашма дар доираи қонун ҳаллу фасл шавад, нур болои нур хоҳад шуд.
Дар бозгашт чандин километр сар-сари теппаю ғору ғапа қадамзанон хати обгузарро ба мушоҳида гирифтем. Ва дидем, ки дар 8-10 ҷой қубурҳо кафида, ба тахмини мо, аз нисф зиёди об ба пастхамию ҷариҳо мерезад. Ҳатто ҷоеро дидем, ки кадом беинсофе бо мақсади обёрии киштаҳои болои деҳаи Бунгакиён маҷрои хати обро дигар кардааст. Аз намояндаи КВД “Хоҷагии манзили коммуналӣ” С. Камолов мепурсем, ки магар ин об нигаҳбон ё, чӣ хеле мегӯянд, назоратчӣ – мироб надорад? “Дорад, ду нафар” – ҷавоб медиҳад ӯ. Баъдтар маълумот гирифтем, ки ду нафар Мансур Бобобеков ва Умеда Бобиева буда, ҳарду моҳе 500 сомонӣ маош доштаанд. Дар гумон аст, ки миробҳои маошхӯр ҳафтае ақаллан як бор аз ҳоли “Ҳафтчашма” хабар бигиранд. Агар тахмини моро инкор кунанд, пас чаро об беҳуда равон асту аз ин ҳолат сардорҳоро гӯшрас намекунанд, дар хусуси кафидани қубурҳо,  сарфи беҳудаи об ба маъмурони кор хабар намедиҳанд?    
Ҳамаи ин моро  ба хулоса овард, ки аз соли пешин то имрӯз касе аз масъулини ҷамоати шаҳрак ва муассисаи ҳудуди он – КВД “Хоҷагии манзили коммуналӣ” пойи мубораки худро ба Ҳафтчашма нагузоштааст. Вагарна ҷоришавии беҳудаи обро медиданд ва барои ислоҳи вазъият чораҷӯӣ мекарданд. Мавриди гуфтан аст, ки Мансур Раҳимов, имрӯза раиси шаҳраки Файзобод, дар вақти сохтмони “Ҳафтчашма” ҳамчун муовини раиси ноҳия сардори ситоди инҷо таъин шуда буд. Ӯ барои то ба марказ расидани об сахт меҳнат кард. М. Раҳимов ба ҳар як гардиши хати об шинос буда, нозукиҳои мушкилоти пайвастшавии қубурҳоро  хуб медонад. Наход имрӯз чашмаш сих назанад, ки қисми зиёди оби Ҳафтчашма ба обанбор не, ба ҷарию пастхамиҳо мерезад. Ва масъала монад, ки ин хат баъди гузаштани муҳлате таъмир карда шавад. Аз рафтору муносибати ӯ аён аст, ки аз об сер аст. Муҳтарам Мансур Раҳимов ташнагии моро бо чунин гапҳо шикастан хост: “Чандин бор роҳбарияти “Хоҷагии манзили коммуналӣ” – ро аз нарасидани об таъкид кардем. Лекин аз қафои кор нашуданд...” Ана гапу мана гап! “Дарро задем, девор кафид”-аш ҳамин бошад? Мо ба ҷавоби М. Раҳимов эроди дигаре надорем. Фақат гуфтанием, ки раиси ҷамоат соҳиби асосии бошандагони шаҳрак аст. Соҳиб, ки ғами халқро нахӯрад, аз роҳбарияти КВД “Хоҷагии манзили коммуналӣ” чӣ гила?!
Рӯзи дигар ҳаракати “Ҳафтчашма”-ро дар деҳаҳои Ғуломдавлат, Муллотуғма ва Дубеда аз назар гузарондем. Ҳангоми дидан, ба гуфти ҳаҷвнигори шодравон Ҳоҷӣ Содиқ, ҳангуманг шуда мондем. Бовар мекунед, ки дар якҷоягӣ нисфи зиёди аҳолии ин деҳот аз оби Ҳафтчашма истифода мебаранд. Илова ба ин 4 – 10 ҳисса замини ҳавлии худро аз “Ҳафтчашма” бемалол сероб мекунанд. Дар деҳаҳои Муллотуғма ва Дубеда - 1-у Дубеда – 2 зарфиатҳои калон монда бебаркаш об мегиранд. Акнун ба қадри “доду фарёд”-и  мардуми шаҳрак расидем, ки оби онҳоро, яъне шаҳракиёнро деҳотиҳо соҳибӣ кардаанд. Ва аз он дар кадом соати рӯз ё шаб, ки хоҳанд, нӯши ҷон мекунанду ба зарурияташон истифода мебаранд, дар ҳоле ки аҳолии шаҳрак аз беобӣ сахт азоб мекашад. Мувофиқи маълумоти КВД “Хоҷагии манзили коммуналӣ” аз Дубеда – 1  77 оила (513 нуфӯс), аз Дубеда – 2  21 оила (121 нуфӯс), аз Муллотуғма 21 оила (192 нуфӯс), аз Ғуломдавлат 8 оила (66 нуфӯс) барои истифодаи оби Ҳафтчашма шартнома бастаанд ва дар як сол сари ҳар хӯранда 15 сомонию 12 дирам маблағ месупоранд. Ба диди мо даҳҳо нафар ҳамсояҳо аз оби шартномадорон истифода бурда ба КВД “ХМК” ягон дирам намедиҳанд.
Аз хусуси бесарусомонии хати оби Ҳафтчашма бо Ҷамолой Валдошева, менеҷери Хазинаи Оғохон – Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон дар Файзобод- гуфтугӯ доштем. Вай бо худхӯрӣ ҳасрат кард, ки Лоиҳаи “Ҳафтчашма” махсус барои аҳолии шаҳраки Файзобод муқаррар шудааст. Он асосан бо маблағи Хазинаи Оғохон (95 ҳазор доллари амрикоӣ) ва 100 ҳазор сомонии ҳукумати ноҳия амалӣ гардид. Ҳеҷ мумкин набуд, ки барои истифодаи мардуми ҷойи дигар рухсат дода шавад. Мавсуф қайд кард, ки соли 2013 барои аҳолии ҳарду Дубеда дар ҳади 200968 сомонӣ лоиҳаи махсус амалӣ гардида, аз мавзеи Пири Хол оби нӯшиданӣ оварда шуд. Вале то ҳанӯз мардуми ин ҷо аз истифодаи оби шаҳраки Файзобод даст намекашанд.
Бигзор деҳоти канори хати оби Ҳафтчашма, манзур сокинони Ғуломдавлат, Муллотуғма ва ҳарду Дубеда аз он нӯши ҷон кунанд. Вале, охир, аз рӯи адолату инсоф аст, ки сокинони шаҳрак ба як қатра оби доимӣ зор бошанду мардуми деҳоти номбурда дар баробари 24 соат об гирифтан боз киштгоҳҳои худро шодоб кунанд?! (Дар ин бора суратҳо шаҳодат медиҳанд). Модоме, ки роҳбарони пешинаи КВД “Хоҷагии манзили коммуналӣ”, аз ҷумла Амоналӣ Боев саховат карда, ба аҳолии ин деҳаҳо гирифтани обро иҷозат додаанд, пас чаро назорати обро дуруст ба роҳ намонданд? Чаро барои кушодани раҳи об, ки ба қавли А. Боев, “қум пур кардааст”, чора намеандешанд? Шояд даъво кунанд, ки маблағ намерасад ё худ мутахассис нест? Ба суоли якум одиякак ҷавоб меёбем: ҳар сол танҳо аз чанд нафар истифодабарандагони деҳаи Дубеда қариб нӯҳ ҳазор сомонӣ маблағ мегиранд. Агар чуқуртар таваҷҷуҳ кунем, маблағи солонаи пардохти ҳаққи об фақат аз сокинони шаҳрак 147 324 сомониро ташкил медиҳад. Ин маблағ, аз рӯи фаҳмиши мо, бояд барои худи об сарф шавад. Магар мумкин нест, ки аз ин ҳисоб соле ақаллан як маротиба хати об аз регу қум тоза карда шавад? Ба саволи дуввум ҷавоб чунин аст: мо бо мутахассиси хуби даврони шӯравӣ сокини шаҳраки Файзобод  Тағойбек Давлатов дар ин бора ҳарф задем. Ӯ аз соли 1982 дар шабакаҳои обтаъминкунӣ, ки идораи мустақил буд, бенуқсон кор карда омад. Т. Давлатов гуфт, ки метавонад бо кушодани яке аз ҷойҳои пайванди қубури оҳанӣ оби Ҳафтчашмаро “ба асли қадим биёрад”.
Умед дорем, роҳбари нави КВД “Хоҷагии манзили куммуналӣ” Музаффар Розиқов, ки оғози кораш ғайратмандона аст, ин мутахассисро даъват карда “Ҳафтчашма”-ро, чи тавре Т. Давлатов мегӯяд, ба асли аввалааш бар мегардонад, то дарди мардум сабук гардаду шикоят ба Қофу Қайсар дака нахӯрад.
Ба андешаи мо, масъалаеро, ки пайгираш будем, гӯё тафсилоташро аз рӯи далелу мушоҳидаҳо матраҳ намудем. Аммо боз гуфтанӣ ҳаст. Ба хонандаи худ бори дигар фаҳмонданием, ки дар бораи танҳо барои эҳтиёҷи сокинони шаҳрак бунёд шудани “Ҳафтчашма” бо Абдуқодир Давлатов, раиси  собиқи Файзобод телефонӣ сӯҳбат доштем. Мавсуф тасдиқ кард, ки роҳбари вақт буданаш фақат ба литсейи касбӣ- техникии Дубеда бо мақсади паст кардани шиддати фишори об танҳо як нуқта бо пайвастагии қубури 20 мм иҷозат дода буду халос. (Ҳоло ин хат ба қубури 35 мм табдил ёфтааст).
Имрӯз, чи тавре баён доштем, ҳолати истифодаи “Ҳафтчашма” нигаронкунанда аст. Ва аз таҳқиқи мавзӯъ ба хулоса омадем, ки роҳбарони собиқи КВД “Хоҷагии манзили коммуналӣ” ҳеҷ гоҳ беманфиат, яъне бе ширинкома ба “худсарона” шикофтани хати оби Ҳафтчашма иҷозат намедоданд. Чизи дигаре ҳам касро ба тааҷҷуб меорад, ки ҳарчанд раиси шаҳрак ва масъулони КВД “ХМК” нарасидани обро дар тамоми маркази ноҳия бо ду чашми сарашон бинанд ҳам,  нодида мегиранд, ки нуқтаҳои мошиншӯӣ ва хиштрезӣ ба тамом аз “Ҳафтчашма” истифода баранд. Ҳеҷ бовар намекунем, ки масъулин қитъаҳои пиёзу помидор, картошказори сокинони- деҳаи Дубеда, ки дар 0,30-0,40 гектар доман паҳн кардааст ва боғи сабзу хуррами   воқеъ дар мавзеъи Заъфаронро надида бошанд. Ин боғчаи навбунёд аз “Ҳафтчашма” шодоб асту соҳибаш рада – рада ниҳолҳои помидор, пиёзу картошка ва дигар зироатҳо аз қубури “Ҳафтчашма” обгир мекунад. ...Ба нақшаи  генералии шаҳрак, ки дар шафати шоҳроҳ бино мегардад, назар карда, ростӣ,  дили бинанда аз шодӣ лабрез мегардад: хонаҳои чандқабатаи истиқоматӣ, идораҳои маъмурӣ ва бисёр иншоотҳои дигари хизматрасон. Мувофиқи ин нақша шаҳрак боз дар майдони 40 гектар доман мепартояд. Албатта, бо васеъ гардидани ҳудуди шаҳрак мушкилоти зиёди хизматрасонӣ пеш меояд, ки рақами якаш, дар назари мо, норасоии оби нӯшиданӣ аст. Агар оби Ҳафтчашма оқилона истифода шавад, яъне бо мавҷудияти имрӯзааш ба обанбор резад, ҳамчунин нисбат ба оби Чува назари одилона равона гардад, нуфӯси имрӯзаи шаҳрак аз оби ошомиданӣ ягон танқисӣ намекашад. Барои ташнагони имрӯзаи шаҳрак 8 соати меъёри коғазии КВД “ХМК” амалан бошад, мардум лаб намекушояд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд  дар ҷамъбасти даҳсолаи “Об барои ҳаёт” 9-11  июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе қайд кард: “Дар дунё касе инкор карда наметавонад, ки об дар ҳаёти инсоният дурри  гаронбаҳост. Зеро об ин худи ҳаёт аст, об ин рушд, тараққиёт, пешрафт ва об ин ояндаи ободу осудагии наслҳои нав мебошад. Мову шумо вазифадорем, ки ба хотири амалӣ гаштани ин шиорҳо ҷидду ҷаҳди хешро дареғ надорем”.

Ҷӯрабек МУЪМИН,
Тиллои СОҲИБНАЗАР,  хабарнигорони “Набзи Файзобод”.

Шаблоны joomla скачать здесь