Чт12142017

Last updateПт, 08 Дек 2017 1pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВАРЗИШ

РОҲИ ВАСЕЪ БА ВАРЗИШ

РОҲИ ВАСЕЪ БА ВАРЗИШДавоми 25 соли соҳибистиқлолии кишвар дар самти сиёсати давлатии   ҷавонон тағйироти куллӣ ба миён омад. Дар ҳама соҳаҳо ҷавонон аҳлона баҳри пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузоштанд.

Имрӯз аҳолии синни аз 14 то 30-сола  дар ноҳия 34 ҳазору 657 нафарро  ташкил медиҳад. Аз ин  16 ҳазору 527 нафарашон   духтарон мебошанд. Шумораи аҳолии сину соли мазкур сивуҳафт фисади шумораи умумии аҳолии ноҳияро дар бар мегирад.

Истиқлолият ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ роҳи васеъ кушод. Ин соҳа ба натиҷаҳои назаррас  ноил гардид. Мавриди қайд аст, ки дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия 20 майдони варзишии футбол, 10 майдончаи волейбол ва дар назди муаасисаҳои таълимӣ 40 майдончаи футбол, 41 майдончаи волейбол ва 6 майдончаи баскетбол сохта ба истифода дода шуд. Шумораи толорҳои варзишӣ дар ноҳия ба 22 адад мерасад.

Дар мактаби варзишии кӯдакон ва наврасони ноҳия намудҳои варзиши  волейбол, гӯштини дзю-до, самбо, гӯштини миллӣ, шоҳмот, футбол ва тениси рӯи миз дар 41  гурӯҳ таълим дода мешавад. Ҷаъман  450 нафар варзишгар, аз ҷумла  21 нафар духтарон дар ин муассиса ба машқу тамрин машғуланд.

Баъди вохӯрии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо варзишгарон (20 декабри соли 2010) толорҳои варзишии назди муассисаҳои таълимӣ  ба ихтиёри ҷавонон гузошта шуд. Акнун ҳар ҷавони ҳавасманди ноҳия метавонад дар толору майдончаҳои назди мактабҳо худро аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутоб диҳад.

Дар бораи инкишофи варзиш давоми понздаҳ соли охир аз тарафи соҳибкорони ҷавон корҳои зиёде ба анҷом расонида шуд. Толори варзишии фитнес бо номи «Ҷаноб» (соҳибкор Субҳиддин Ғафуров) ва толори варзишӣ дар деҳаи Элоки Ҷамоати деҳоти Қалаидашт (соҳибкор Илҳом Сулаймонов), ки дувумӣ ба маблағи 50 ҳазор доллари амрикоӣ сохта шудааст, дар ихтиёри ҷавонони ноҳия қарор дорад.

Пас аз сафари президенти мамлакат ба ноҳия 10 апрели соли 2014 барои таъмир ва азнавсозии варзишгоҳи марказии ноҳия лоиҳа ба мабалағи 13 млн сомонӣ таҳия гардид. Мувофиқи лоиҳаи мазкур дар ҳудуди варзишгоҳ  майдони футбол барои 4000 тамошобин, ду толори  пӯшида,  яке дорои  1600 ҷои нишаст барои гузаронидани  мусобиқаи гӯштингирӣ, дигаре  дорои 250 ҷои нишаст барои гузаронидани мусобиқаҳо аз рӯи намудҳои варзиши сабук ва бинои дуошёна  иборат  аз утоқҳои  корӣ,  толорҳои хурди  варзишӣ, ошхона  ва меҳмонхона  барои 40 нафар  тарҳрезӣ шуда, айни ҳол сохтмонаш ҷараён дорад.

Ҷавонони ноҳия ҳис менамоянд, ки таҳти ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ  қарор доранд.  Варзишгарони ноҳия дар 25 соли истиқлолият имкон пайдо намуданд, ки дар мусобиқаҳои ноҳиявӣ, минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилӣ  иштирок намуда, 20 медали тилло, 34 медали нуқра ва 112 медали биринҷӣ ба даст оранд. Варзишгарон Мавлуда Саъдуллоева, Азизулло Икромов, Умед Қаландаров, Ҳукумзода Саидмаҳмуд, Раҳмоналӣ Чақалов, Маҳмадшариф Наҷмиддинов, Алидод Рабиев, Наврӯз Ҳомидов, Одиназода Азмиддин, Амриддин Абдуллоев, Маҳмадулло Қаландаров, Шарифзода  Исфандиёр, Маҳмадалӣ Мирзоев, Нематулло Икромов, Саидбек Ганҷов ва даҳҳо нафари дигар дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ соҳиби ҷойҳои намоён гардида эътибори ноҳияро баланд бардоштаанд.

 

Собир Розиқов, “НФ”.