ВАРЗИШ

ШОҲМОТБОЗОН ТӮҲФА ГИРИФТАНД

Ба муносибати Рӯзи варзишгарон 10 августи соли ҷорӣ дар толори варзишии  Мактаби варзишии кӯдакону наврасони ноҳия мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид. Серодам будани толор ва мухлисӣ намудани ҳавасмандони ин намуди варзиш аз шавқ доштани онҳо ба бозии шоҳмот дарак медод.   Бозии хубу маҳорати  Асрор Тоиров дар ин мусобиқа ҳамаро ба ҳайрат гузошт ва дар интиҳо ғолиби озмун гардид.    Ғолибони мусобиқа аз ҷониби бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия  бо туҳфаҳои хотиравӣ ва  ифтихорнома сарфароз гардиданд.  

   Р. Собир

Шаблоны joomla скачать здесь