Вт07172018

Last updateПн, 16 Июль 2018 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВАРЗИШ

НАВРӮЗИ ФАРХУНДАПАЙ

(ГУЗОРИШ АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР НОҲИЯ)

 

Даҳаи охири моҳи март дар саросари кишвари соҳибистиқлоламон иди Наврӯзи фархундапай, ки яке аз қадимтарин ва муқаддастарин оинҳои ниёгони бофарҳангу соҳибтамаддунамон буда, бо омаданаш аз фарорасии фасли баҳори нозанин, эҳё ва бедории табиат, оғози кишту кор мужда меорад, таҷлил гардид. Бо омадани Наврӯз ҳама кунҷу канори Тоҷикистони офтобии мо ба худ ҳусни зебову дилрабо касб кард, ки ин ҳама моро ба сӯи созандагию бунёдкориҳо, фатҳи қуллаҳои баланду дастовардҳои шоёни меҳнатӣ даъват менамояд.

Наврӯзи дилафрӯз дар диёрамон бо тантана ва шукӯҳу шаҳомати хоса қайд карда шуд. Чанд рӯз пеш маркази ноҳия, шаҳраки Файзобод ба истиқболи ин ҷашн орову зиннат гирифта буд. Субҳи рӯзи 21 март бошад, ба ҳар нафаре, ки нигарӣ, таъби болида дошт. Одамон даста-даста бо чеҳраҳои шукуфону диданӣ сӯйи наврӯзгоҳ - майдони тозабунёди варзишӣ қадам мезаданд. Аз ин табъи болидаву чеҳраҳои хандон пайдо буд, ки Наврӯзи оламафрӯз бо қудуми мубораки хеш ба ҳар хонадон шодиву нишот ва файзу фаровонӣ овардааст.

Сокинони диёри файзборамон, чун дигар заҳматкашони кишвар Наврӯзи Аҷамро ҳамин тавр бо рӯҳи болида истиқбол гирифтанд. Вусъати корҳои ободониву кабудизоркунӣ, бунёди боғҳои нав, шинонидани гулу буттаҳо ва дарахтони сояафкану ороишӣ шаҳодати ин гуфтаи мост.

Даври майдони варзишӣ сокинони ҷамоатҳову хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ташкилоту муассисаҳо бо пешкаши дастоварду ҳунарҳои мардумӣ дастурхони идона оростанд.

Намояндаи ҳукумати ҷумҳурӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Солеҳзода Ашӯрбой Абдувоҳид, раиси ноҳия узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар Раҷабзода Миралӣ ва дигар меҳмонон вориди базмгоҳ шуда, аз растаҳои идона дидан карданд ва изҳори миннатдорӣ намуда, аз тараддудҳои онҳо хурсанд шуданд. Раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ сокинони ноҳияро ба иди Наврӯзи хуҷастапай муборакбод намуда, таъкид сохт, ки Наврӯзи имсола ба мардуми ҷумҳурӣ, аз ҷумла ба сокинони диёри мо, файзу фаровонӣ, сериву пурӣ, бахту барор, баракату саодат ато кард ва боварӣ ҳаст, ки минбаъд низ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвари азизамон саҳми арзанда мегузоранд.

Меҳнаткашони зафарманди диёрамон, афзуд раиси ноҳия, аз насими поку пурнакҳати Наврӯз руҳу илҳоми тоза гирифта, ба саъйи дучанд пайи корҳои ободонию бунёдкорӣ камар бастанд. Дар арафаи омодагиҳо ба ин ҷашни бошукӯҳ корҳои ободониву кабудизоркунӣ вусъати тоза ёфта, ҳазорҳо бех ниҳолҳои самаровару соядор, гулу гулбутта шинонида шуданд. Садҳо гектар боғу токзорҳо бунёд мешаванд.

Умеду боварӣ дорем, ки Наврӯзи имсола аз қудуми меҳмонон боз ҳам пурфайзтар гардида, ба аҳли олам, хоса Тоҷикистони озоду соҳибистиқлоламон, бахту иқбол, файзу барор ва баракату саодат меоварад.

Сипас   Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Солеҳзода Ашӯрбой Абдувоҳид   аз номи Сарвари давлат ва ҳукумати кишвар ҷамъомадагонро бо иди Наврӯзи Аҷам табрику муборакбод гуфта, боварӣ изҳор кард, ки сокинони диёри файзборамон бо роҳи пешгирифтаи ҳукумати мамлакат дилпурона қадам мезананд.

Пас аз суханрониҳо барномаи театркунонидашудаи ҳунармандони Қасри фарҳанги ноҳия пешкаши мардум гардонида шуд, ки ҳама саршор аз васфи Ватан, зебоиҳои фасли баҳору Наврӯзи дилафрӯз буд. Дар ҷашни бошукӯҳи Файзобод гурӯҳи “Ғарибшоҳ компания” ва овозхони шинохта Ҳабиба Давлатова ҳунарнамоӣ намуданд.

Тантанаҳои наврӯзӣ то бегоҳ идома ёфтанд.