Вт07172018

Last updateПн, 16 Июль 2018 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВАРЗИШ

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «НАВРӮЗ»

Ҳамдиёрони азизу гиромиқадр!

Инак, боз ба сарзамини куҳанбунёду файзбори тоҷикон Наврӯзи хуҷастапай қадами фархунда ниҳод.

Ба ин муносибат хурду бузурги диёрамонро самимона муборакбод мегӯям.

Асрҳо боз гузаштагонамон бо пазмониҳои зиёд ин иди миллиро интизор гардида, онро бо як ҷаҳон омодагиҳо ва шодию фараҳ истиқбол менамоянд.

Мардуми тоҷик аз қадимулайём дар арафаи ҷашни Наврӯз тибқи дастуру анъанаи ниёгон ботини худро аз андешаҳои носолим пок месозанд, либоси идона ба бар намуда, ба аёдату муборакбодии якдигар мераванд, ба ятимону пирон, барҷомондагону ниёзмандон дасти сахову мурувват дароз менамоянд, дар ҳаққи якдигар дуои нек мекунанд.

Чӣ тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Ҷашни Наврӯз васлгари дирӯзу имрӯз, ҳимоятгари суннатҳои волои ниёгон, решапайванди наслҳо, бозгашт ба асли хеш ва эҳёи беҳтарин расму ойин ва анъанаҳои миллиамон мебошад».

Бояд қайд намоем, ки ҷашни Наврӯз дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷилои тоза касб намуда, дар баробари идомаи анъанаҳои неки ниёгон бо мазмуну симои нав зуҳур намуда истодааст. Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз ҳамчун иди ҷаҳонӣ дар кишварҳои зиёди олам таҷлил мегардад.

Дар арафаи ин иди бошукӯҳ дар сатҳи баланд баргузор намудани Рӯзи модар, ҳамасола доир намудани мулоқоти Президенти мамлакат бо зиёиёни кишвар ва дар остонаи ин ҷашн вусъат додани корҳои ободонӣ аз ҷумлаи иқдому амалҳои неки наврӯзӣ мебошанд.

Боиси хурсандии зиёд аст, ки сокинони ноҳияи Файзобод чун ҳарсола дар арафаи Наврӯзи имсола корҳои ободониро беш аз ҳарвақта вусъат бахшида, дар тозаю озода намудани кӯчаю хиёбонҳо, маҳалҳои зист, бунёди боғу токзорҳо, шинонидани дарахтони ороишию гулбуттаҳо саҳми арзанда мегузоранд. То имрӯз дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 8000 бех дарахтони ҳамешасабзи арча ва гулу гулбуттаҳои гуногун шинонида, ин амалҳои некро босуръат идома дода истодаанд. Хурду бузурги ноҳия баҳри ободии диёру Ватани азизамон содиқонаву софдилона заҳмат кашида, кӯшиш менамоянд, ки деҳу диёру кишварамон аз Наврӯз то Наврӯз боз ҳам ободу зебо ва шукуфонтар гардад.

Ҳамдиёрони азиз! Ба ҳар яки Шумо саломатӣ, хотири ҷамъ, рӯзгори хушу осуда ва ба ҳар як хонадони диёр файзу баракат таманно мекунам.

Ҷашни байналмилалии Наврӯз муборак!