ТИБ

ХАНДАИ БАХТИ БАХТИНИСО

Бо ӯ қариб ҳар пагоҳӣ вомехӯрам. Шитоб дорад сӯи коргоҳи худ. Бо чеҳраи кушодаю хандаи зебои ба худаш хос бо худиҳо салому алейк карда ҳол мепурсад, он қадар самимонаю хоксорона, ки гумон мекунӣ  хеши наздике бошӣ. Кист ӯ? Бахтинисо Шогунова   зодаи Бадахшони биҳиштӣ, ки аёми кӯдакию наврасиаш он ҷо гузашта, аз обҳои мусаффою чашмахои ҷонбахш нӯши ҷон карда, аз ҳавои сафобахши кӯҳсоронаш нафас кашида, аз волидайни маърифатпарвараш беҳтарин рафтору одоби инсонӣ, назокату ҳунарҳои хоси занонаро омӯхта, аз устодони донишманди мактаби деҳаи Барӯшони ноҳияи Рӯшон донишу савод аз бар карда, баъди хатми мактаби миёна бо  дили пур аз орзую ҳавас роҳ пеш гирифтааст ба  шаҳри Душанбе. Бахтинисо соли 1985  пас аз хатми  омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе, бо  ихтисоси момодоя     ба зодгоҳаш  баргашт ва дар бунгҳои тиббии деҳа ду сол пайи хизмати ҳамдиёронаш буд. Бахтинисои соҳибҷамолу   шухтабиатро хостгорони зиёде буданд. Аз байни онҳо тақдир ӯро соли 1987 бо Фаросатшоҳи оромтабиату бофаросат, ки хатмкардаи яке аз донишкадаҳои бузурги шаҳри Мичурински собиқ  Шуравӣ буд пайваст. Қисмат ин оилаи ҷавонро  аз Бадахшон ба диёри Файзобод овард ва қариб сӣ сол мешавад сокини маркази шаҳрак будаву Фаросатшо омӯзгори муассисаи №45 ва Бахтинисо дар маркази солимии репродуктивӣ ба ҳайси момодоя фаъолият мекунанд. Касби ҳар ду ҳам касби заҳматталабу шарафмандест.Меваҳои умри ин оилаи хушбахт аз файзу баракати ин диёри файзхезу файзрез аст .Фарзандони оила Манучеҳр хатмкардаи донишгоҳи славянӣ ва  Зайнура хатмкардаи донишгоҳи аграрӣ   буда, Кишвар низ ният дорад дар оянда ба ягон  донишкадаи олӣ дохил шавад. Бахтинисо  хандаи бахти худро  дар оилаи солими худ, ки дар фазои он  ҳамеша оромӣ, осудагӣ, якдигарфаҳмӣ ҳукмфармост мебинад. Дар коргоҳ ҳама ӯро дӯст медоранду бо шириниҳо апаи Бахтӣ ном мебаранд «Ман ҳарчанд таи солҳо касби духтуриро дар донишгоҳи тиббӣ аз устодони бузург гирифта бошам ҳам,  имрӯз баъзе таҷрибаҳои кориро аз апаи Бахтӣ боз меомӯзам»-мегӯяд бо эҳтироми зиёд директори Маркази солимии репродуктивӣ Матлуба Каримова. Нафароне, ки имрӯз ба марказ муроҷиат мекунанд аз хизмати Бахтинисою ҳамкорони ӯ розианд.
- Соли 2015-ро Соли оила эълон кардани Сарвари давлат иқдоми некест,  барои барпо намудани оилаҳои солим ва ба дунё овардани тифлакони солим. Ин иқдом масъулияти мо кормандони марказро дучанд гардонидааст, ки миёни мардум  корҳои фаҳмондадиҳиро бештар кунем, то ҷавонон дар интихоби бахти худ хатогӣ накунанд.Дар оянда кӯдакони солим ба дунё биёянд.Бигузор ҳама тансиҳату хонаобод бошад, оилаҳои ҳама намуна бошанду мустаҳкам,- мегӯяд хушнудона Бахтинисо Шогунова.


Робиа Салимова

Шаблоны joomla скачать здесь