СЕ НАФАР НОМНАВИС ШУД

Комиссияи ҳавзаи   интихоботии Файзобод рақами 11 оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии панҷ нафарро, ки пешниҳод шуда буд, мавриди баррасӣ қарор дод.

Аз ҷумла як нафар аз ҷониби конференсияи муштараки кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳрҳои Ваҳдат, Роғун ва ноҳияҳои Файзободу Нуробод ва чор нафар аз тариқи худпешбарӣ ба комиссия пешниҳод гардида буданд. Баъди омӯзиши ҳуҷҷатҳо комиссия Наҷмиддинов Файзулло Раҷабович соли таваллудаш 5 феврали соли 1964, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод сокини деҳаи Дубеда, аъзои ҲХДТ,ки аз ҷониби конференсияи муштараки кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳрҳои Ваҳдат, Роғун ва ноҳияҳои Файзободу Нуробод пешниҳод гардидааст ва Қаҳҳоров Ёрибег Мусофирович соли таваллудаш 5 октябри соли 1971, сармутахассиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, аъзои ҲАТ, Ғуломов Тағоймурод Абдусаломович соли таваллудаш 1 ноябри соли 1961, мудири хонаи методии шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод,аъзои ҲХДТ , ки аз тариқи худпешбарӣ пешниҳод шудаанд ҳамчун номзад ба қайд гирифт. Айни ҳол маъракаи ташвиқотии номзадҳо оғоз ёфтааст.

“НФ”.

Шаблоны joomla скачать здесь