МИНБАРИ МУАССИСОН

БА ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИНҲОИ ОБӢ МУВАФФАҚ ШАВЕМ

Суханронии З.А.Акрамзода, муовини якуми раиси ноҳия

 оид ба натиҷаҳои соҳаи кишоварзӣ дар шаш моҳи  соли 2016

Дар шаш моҳи соли равон, зери сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,  Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои  стратегии мамлакат корҳои зиёди амалӣ анҷом дода шуда, баҳри ободониву бунёдкорӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ба кор андохтани садҳо иншооти истеҳсоливу маишӣ ва ба ин васила баланд бардоштани иқтидори иқтисодии кишвар ва сатҳи зиндагии сокинони он чораҳои  амалӣ роҳандозӣ карда шудаанд.

Нимсолаи аввали   соли 2016 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия  ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 48466,5 ҳазор сомониро ташкил дод,ки     нисбати ҳамин давраи соли гузашта 11млн  сомонӣ  кам мебошад.

Кишоварзони ноҳия нақшаи кишти баҳориро иҷро намуданд. Онҳо ба ҷои  2236  гектар,  дар майдони 2603 гектар кишти ғаладона ва дигар зироатҳоро гузаронида иҷрои нақшаро ба  122 фоиз расониданд.  Айни ҳол майдони   зироатҳои ғалладонагӣ 1091 гектар, зироатҳои техникӣ 472 га, картошка 660 га ва сабзавот 241 гектарро  ташкил медиҳад.

Маълум аст,ки солҳои охир майдони картошка дар ноҳия зиёд гардида истодааст,ки ин манбаъи ба даст овардани маблағҳои пулӣ шуда,    аз тарафи дигар баҳри иҷроиши барномаи озуқавории мамлакат ва аҳолиро бо ин маҳсулоти талаботи ҳамаруза таъмин гардондан боис мегардад. Мутаассуф  нақшаи пешбинишудаи кишти картошка танҳо дар ҷамоатҳои ба номи Дӯстмурод Алиев, Меҳробод ва Чашмасор  ба иҷро расиду халос.

Боиси қайд аст, ки дар ноҳия заминҳои обӣ пурсамар истифода намегардад. Аз майдони 3325 гектар заминҳои обии дар ноҳия мавҷуд буда. Танҳо дар 903 гектараш кишт  гузаронида шудаасту халос.

Дар асоси «Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2015-2020-ӯм бояд  кишоварзони ноҳия 3554 гектар боғу торзорҳои нав бунёд  намоянд. Дар шаш моҳи  соли 2016 дар ноҳия 670 гектар боғу токзорҳои нав   бунёд карда шуд, ки 101 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Дар ин самт саҳми ҷамоатҳои деҳоти Ҷавонон, Меҳробод, ба номи Д. Алиев   ва ҷамоати деҳоти Чашмасор зиёд мебошад.

Боиси қайд аст, ки  Ҷамоати  деҳоти Вашгирд нақшаи бунёди боғҳои навро 64 фоиз таъмин карданду халос. 

Чорводорӣ яке аз соҳаҳои асосӣ ва пешбаранда дар комплекси агросаноатии ноҳия ба ҳисоб рафта, ҳамарӯза ба ин соҳаи муҳим диққати зарурӣ дода мешавад. Чорводорони хоҷагиҳои ноҳия дар шаш моҳи соли ҷорӣ 756 тонна гӯшт, 5913 тонна шир,  20232  ҳазор дона тухм истеҳсол карданд. Саршумори чорвои калони шохдор ба 43087 сар, бузу гӯсфанд 103192  сар,  парранда 212171 сар, асп 1422 сар ва  занбӯри асал 7700  оиларо ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи  соли гузашта 69 сар ҳайвони калони шохдор ва 835 сар ҳайвони майдаи шохдор ва 389 оилаи занбӯри асал зиёд мебошад

Саршумори паранда ва истеҳсоли тухм  дар ноҳия сол аз сол кам гардида истодааст.    ҶСК «Мурғи Ҳилол» ба парвариши паранда машғул буда,  солҳои пеш  дар баланд бардоштани нишондиҳандаҳои соҳаи парандапарварӣ саҳми босазо дошт, мутаасифона аз соли 2014 сар карда вазъи иқтисодии ин корхона паст гашта,  саршумори паранда инҷо 167764 сарро ташкил дода,  истеҳсоли тухм дар ҳамин давра ба 19172 ҳазор дона расидааст.

Идораи беҳдошти замин ва обиёрӣ  дар ноҳия хеле хуб фаъолият дорад. Хотиррас бояд шуд, ки  хоҷагиҳои ноҳия то ба имрӯз аз ҳаққи хизматрасонии об ба маблағи 69945 сомонӣ аз ин идора қарздор мебошанд.

Шуъбаи ҳифзи муҳти зисти ноҳия дар шаш моҳи сипарӣ гашта  дар 65 корхонаю муассиса, хоҷагии давлатӣ ва ғайридавлатӣ санҷишҳои назорати гузаронида дар давоми санҷишҳои гузаронидашуда ба миқдори 130 супоришу пешниҳод ва амрномаҳо дода,  иҷрои 88- тои онҳо таъмин карда шудааст.

Стансияи мубориза алайҳи бемориҳои ҳайвоноти ноҳия   дар шаш моҳи соли 2016 барои муътадил нигоҳ доштани вазъи эпизоотии бемориҳои сирояткунанда ва ғайрисироятии ҳайвонот   як қатор корҳо ба анҷом расонида шудааст.

Дар ин давра барои муайян кардани бемории брутселлёз 1970 сар ҳайвони калони шохдор ва 5682 сар ҳайвони майда, барои муайян кардани бемории ҳорӣ бошад 1 сар ҳайвони калони шохдор ва 6 сар саг аз ташхиси лабораторӣ гузаронида шуданд. Аз ҳайвонҳои аз ташхис гузаронида шуда дар асоси экспертизаҳои Маркази миллии ташхиси байторӣ 58 сар ҳайвони калони шохдор ва 634 сар ҳайвони майда ба бемории брутселлёз, 1 сар ҳайвони калони шохдор ва 3 сар саг ба бемории ҳорӣ гирифтор буданашон тасдиқ шуд.   Аз ҳайвонҳои гирифтори бемории брутселлёз 40 сар ҳайвони калони шохдор ва 360 сар моли майда бо риояи қоидаҳои байторию санитарӣ забҳ карда шуданд.

Боқимонда 18 сар ҳайвони калони шохдор ва 274 сар ҳайвони майдаи шохдор аз саршумори асосӣ ҷудо карда шуда дар назорати мутахассисон қарор доранд

Кумитаи идораи замини ноҳия низ   дар асоси нақша  як қатор корҳоро оиди муносибатҳои вобаста ба замин ва заминсозӣ, риояи қонунгузории замин, ба танзим даровардани ҳуҷҷатҳои заминистифодабарӣ дар ноҳия ба анҷом расонид.

Ҳолати аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои корам, худсарона ишғолнамудани замин барои истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ, шӯршавӣ, олудашавии қабати ҳосилхези замин бо обҳои партов, худсарона ишғол намудани заминҳои таъиноти тиббӣ, мамнуъгоҳҳо, солимгардони ҷой надорад.

Дар ҳудуди ноҳияи Файзобод 60 адад ҳодисаҳои вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шудаанд, ки  баҳри бартараф намудани ин қонунвайронкуниҳо дар ин давра 60 адад дастур, 42 адад протокол ва 42 адад қарори ҷаримабандӣ   тартиб  дода шудааст, ҳамчунин 1 мавод ба суд барои ба тариқи  маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷарима ирсол гардидааст .

Дар давраи  ҳисоботӣ кормандони кумита ва корхона зиёда аз 385 адад парвандаҳои заминсозӣ оиди ҷудо ва вобаста намудани қитъаи замини заминистифодабарандагони ноҳия тайёр карда, 276 адад заминистифодабарандагон бо сертификатҳои ҳуқуқи истифодаи замин таъмин карда шуданд.

Аз ҷониби кормандони КДФ «БММҒ» дар ноҳия дар давраи ҳисоботӣ дар асоси дархостҳои шахсони воқъӣ ва ҳуқуқи 60 адад шиносномаи техникии ҳавлидорӣ   тартиб дода шуд. Ба 44 адад шиносномаҳои техникӣ тағиротҳои ҷорӣ ворид намудаанд.

Кормандони  шуъбаи Агентии Омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия  дар  соли 2016   як қатор корҳои  алоҳидаро ба иҷро расонданд. Дар моҳҳои январ–июни                                                                                                    соли 2016  шуъбаи омори ноҳия аз 3479 корхонаю хоҷагиҳо ва ташкилоту муассисаҳои дар ҳудуди ноҳия фаъолияткунанда, аз он ҷумла   3144 хоҷагиҳои деҳқонӣ  ҳисоботҳои оморӣ ҷамъоварӣ намуда,  маълумотҳои ҷамъбастии онро ба Агентии  Омор ва Муассисаи Давлатии маркази кулли ҳисобарори Агентии омор пешниҳод кардаанд.                      

Дар шаш моҳи соли соли 2016 дар  ҷамоатҳои деҳоту шаҳраки ноҳия санҷиши дафтарҳои баҳисобгирии хоҷагиҳо  гузаронида шуд, ки  дар натиҷа як қатор камбудиҳо оиди пур кардани дафтарҳои хоҷагӣ ошкор  ва бартараф гардид. Инчунин корҳои омӯзишию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда , семинари омӯзишӣ  бо иштироки котибони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор шуд. Ҳамчунин санҷиши  назоратӣ  нишон дод,ки дар  ҷамоатҳои деҳоти ноҳия аз хоҷагиҳои деҳқонӣ баҳисобгирии пурраи маълумотҳои оморӣ ба роҳ монда нашудааст, ки боиси роҳ додан ба камбудиҳо ва ба изофанависӣ дар кишти зироатҳо гардидааст.                                                                                                        

Мутасаддиёни соҳаи кишоварзӣ, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ  тамоми чораҳоро меандешанд, ки камбудиҳои мавҷудаи соҳа  сари вақт бартараф карда шуда нақшаҳои таҳрезигардидаро бо сифати зарурӣ иҷро намоянд. 

Шаблоны joomla скачать здесь