Сб02242018

Last updateПт, 16 Фев 2018 9am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МЕҲМОНХОНА

САРИ ЧАНД АНДЕШАИ ҶОЛИБ

Аз рӯзи ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз як моҳ гузашт. Ман бошам, ҳанӯз таҳти таассуроти он қарор дорам. Паёмро тавассути оинаи нилгун  гӯш карда, инчунин матни пурраи маърӯзаро дар нашрияи «Набзи Файзобод» мутолиа намудам.

Бояд бигӯям, ки ҳамасола, вақте ки Сарвари давлат назди халқ баромад мекунаду аз сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлату ҳукумат ҳарф мезанад, аз бисёр чизҳо огаҳӣ пайдо менамоям. Сардори давлат аз дигаргуниҳои давоми як сол баамаломада ҳисобот дода, дар назди ҳукумат бо мақсади дигаргуниҳои нав ба нави ҳаёти кишвар вазифаҳои мушаххас мегузорад.

Нуктаҳои муҳиме, ки атрофи тамоми масъалаҳои тараққию рушди кишвар баён мегардад, воқеан касро ба ваҷд меоранд.

Ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистони озод пеш аз ҳама ба ин нукта диққат додам: «Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои татбиқкунандаи «иқтисодиёти сабз» маҳсуб ёфта аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад, зеро 98 фоизи барқ тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешаванд».

Ин боиси ифтихори халқи тоҷик аст.

Пешвои миллат мужда мерасонад, ки имсол барои таҷдиди неругоҳҳои амалкунанда беш аз 8 миллиард сомонӣ сарф карда мешавад. Мо медонем, ки сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» босуръат давом дорад ва агрегати аввалини он охири ҳамин сол ба кор медарояд. Барои суръат бахшидан ба рафти корҳо имсол қариб 5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. НБО «Роғун» ифтихори халқи тоҷик буда ба пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар таъсири амиқ мегузорад.

Мардуми кишвар медонанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар давраи тирамоҳу зимистон аввалин бор бе маҳдудият бо барқ таъмин шуданд.

Ман, ки кормнади соҳаи тандурустӣ ҳастам, аз пешравию дигаргуниҳои соҳа хурсанд мешавам.  Воқеан, соҳаи тандурустӣ беш аз пеш бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ таъмин мегардад, мутахассисони соҳа пурқувват мешаванд. Президенти кишвар аз ин хусус сухан ронда, таъкид менамояд, ки «…дар соҳа ҳоло ҳам як силсила мушкилоте боқӣ мондаанд, ки ислоҳи саривақтӣ мехоҳанд». Бо ин ҳарфҳо нарасидани доруворӣ, пастсифат будани аксари онҳо ва рушд накардани саноати дорусозиро дар назар дорад. Мо медонем, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 3500 навъи гиёҳҳои шифобахш мавҷуд аст. Пас чаро доруи дармониро  аз хориҷи кишвар меорем, ҳол он ки бисёри онҳо пастсифатанд?

Ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир кардани Сарвари давлат далели ақлу заковати комил ва хирадмандии ӯст.  Ду фарзанди ман дар муассисаи таълимии №1 хонда, ҳоло дар донишгоҳҳои тиббӣ, яке дар пойтахт, дигаре дар хориҷи кишвар, соҳиби ихтисос мешаванд. Ду нафари дигараш таълимгирандагони ҳамин мактаб мебошанд. Ман падари ғамхор нестам, агар ба таҳсили онҳо мароқ зоҳир накунам. Фарзандони ман дар хондану тартибу интизом дар мактаби мазкур намунаанд. Ногуфта намонад, ки банда раиси Ассотсиатсияи волидону омӯзгорони ҳамин таълимгоҳ ҳастам. Вақте аз ғамхориҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳаққи омӯзгорон огоҳ мешавам, сарам ба осмон мерасад.

Дар Паём омадааст, ки соли 2017 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ҷиҳати сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 400 миллион сомонӣ сарф гардида, 24 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шуд. Чи хеле мушоҳида мекунам ва тавассути нашрияи «Набзи Файзобод» хабар дорам, ҳиссае аз рақамҳои қайдшуда ба ноҳияи Файзобод дахл дорад. Дар ду соли наздик дар деҳоти ноҳия муассисаҳои нави таълимӣ ва садҳо синфхонаҳои иловагӣ сохта шуданд.

Бо вуҷуди пешравиҳо Президент супориш медиҳад: «…ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконият истифода карда, заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем».

Суханони Сардори давлат чунин маънӣ дорад, ки нишондиҳандаҳои таъмини сифат дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик карда, нишондиҳандаҳои азхудкунии иттилоотию коммуникатсионӣ аз имрӯза дида болотар раванд.

Ман чанд сол ба Маркази тарзи ҳаёти солими ноҳия роҳбарӣ кардам. Вазифаи ҳозира низ ба солим будани ҷомеа нигаронида шудааст. Аз ин ҷиҳат вақте чунин таъкиди Паём зери чашмам афтид, хеле шод гаштам: «Таъмин намудани аҳолӣ ба маҳсулоти хушсифат, ки шарти асосии солимии мардум мебошад, яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад». Президент ин нуктаро барои он қайд мекунад, ки соҳибкорону тоҷирон бо ҳар роҳу восита ба бозори истеъмолии кишвар маҳсулоти пастсифат ворид карда, сабабгори носолимии шаҳрвандон мегарданд. Аз мансабҳояшон барканор кардани роҳбарони идораҳои давлатии санитарию сертификатсия, стандартизатсия ва назорати бойтории ҷумҳурӣ бо ҳамин сабаб буд.

Паёми имсолаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дастури фаъолияти ҳар як роҳбар, на фақат роҳбар, инчунин раҳнамои ҳар сокини солимақли кишвар гардад.