Пт08172018

Last updateСр, 15 Авг 2018 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МЕҲМОНХОНА

МАЪРӮЗАИ САРДОРИ РАЁСАТИ МОЛИЯИ НОҲИЯ РАҶАБЗОДА И. «ДАР БОРАИ БУҶЕТИ НОҲИЯ БАРОИ СОЛИ 2018»

Муҳтарам вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи буҷети миёнамуҳлати ноҳия барои солҳои 2018-2020 дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018” таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Самтҳои асосии сиёсати буҷети маҳаллӣ ба мақсади таъмини нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, суръат бахшидан ба ислоҳот дар бахши идоракунии самараноки молияи давлатӣ тавассути ҷорӣ намудани механизми нави маблағгузории соҳаҳои иқтисодиёт, таъмин намудани устувории бозори молиявӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва таъмини амнияту бехатарии кишвар равона гардидааст.

Соли оянда буҷети ноҳия дар қисми даромадҳо ҳамагӣ ба маблағи 45620503 сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба буҷети аниқшудаи соли равон 109 фоиз ё 3853426 сомонӣ зиёд аст.

Ба қисми даромади буҷети ноҳия аз соҳаҳои иқтисодии ноҳия, воридоти андозу пардохтҳо ба маблағи 17700000 сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбати буҷети аниқшудаи соли 2017 15,5 фоиз ё 2750000 сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Дар ҳаҷми умумӣ даромадҳои буҷети ноҳия маблағи нисбатан зиёд аз ҳисоби андоз аз даромади шахсони воқеӣ ба нақша гирифта шудааст, ки он 5200000 сомонӣ ё ба 29,4 фоизи ҳаҷми умумии даромадҳои буҷет баробар мебошад.

-андоз аз фоидаи корхонаҳо – 1070000 сомонӣ ё 6,0 фоиз;

-андоз аз молу мулки ғайриманқул – 1400000 сомонӣ ё 8,0 фоиз;

-андоз аз арзиши иловашуда – 4220000 сомонӣ ё 23,8 фоиз;

-андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард – 250000 сомонӣ ё 1,4 фоиз;

-аксизҳо – 80000 сомонӣ ё 0,4 фоиз;

- андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт – 1100000 сомонӣ ё 6,2 фоиз;

- андоз аз истифодабарандагони захираҳои табиӣ – 130000 сомонӣ ё 0,7 фоиз;

- боҷи давлатӣ – 450000 сомонӣ ё 2,5 фоиз;

- дигар даромадҳои ғайриандозӣ – 500000 сомонӣ ё 2,8 фоиз.

Ҳамзамон аз сабаби он ки андозу пардохтҳои худӣ барои пушонидани қисми хароҷот басанда нест, ба қисми даромади буҷет аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 26295803 сомонӣ мусоидати молиявӣ ё субвенсия пешбинӣ гаштааст, ки он нисбат ба соли 2017-ум 7,5 фоиз ё ба андозаи 1978726 сомонӣ зиёд ба нақша гирифта шудааст.

Агар ҳаҷми маблағҳои субвенсионӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ дар ҳаҷми умумии даромадҳои буҷети маҳаллӣ соли 2017-ум 58,7 фоизро ташкил карда бошад, пас ин нишондиҳанда соли 2018-ум 60,1 фоизро ташкил медиҳад.

Бо мақсади баланд бардоштани интизоми молиявӣ ва масъулияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар сохторҳои марбута ва дар маҷмӯъ ҳамаи фаъолони ноҳия дар буҷети маҳаллӣ дар соли 2018 ба маблағи 219828 сомонӣ касри буҷет пешниҳод гардидааст, ки ин ба 0,5 фоизи хароҷоти умумии буҷет баробар мебошад.

Ягона манбаи пӯшонидани каср аз ҳисоби иҷрои барзиёди нақшаи даромади буҷет мебошад. Бояд тамоми чораҳоро анҷом диҳем, ки иҷрои нақшаи даромадҳо барзиёд иҷро гашта, касри буҷет аз ин ҳисоб пӯшонида шавад.

Сиёсати хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар соли оянда пеш аз ҳама ба татбиқи ҳуҷҷати стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини беҳдошти сиҳатии аҳолӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва баланд бардоштани хизматрасонии иҷтимоии давлатӣ равона карда мешавад.

Дар заминаи даромадҳои пешбинигардида бо назардошти маблағҳои мақсадноки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии буҷети маҳаллӣ ҷудошуда дар соли 2018-ум ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети маҳаллӣ ба маблағи 43965631 сомонӣ муайян гардидааст, ки он нисбат ба буҷети аниқшудаи соли 2017 8,9 фоиз ё 3894679 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар лоиҳаи буҷети маҳаллӣ ба соҳаи иҷтимоӣ диққати махсус дода мешавад. Барои маблағгузории ин соҳа 38369748 сомонӣ ё 87,3 фоизи ҷамъи буҷети маҳаллӣ равона мегардад, ки ин нисбат ба буҷети тасдиқ гардидаи соли ҷорӣ 2033747 сомонӣ ё 5,3 фоиз зиёд мебошад.

Дар соли 2018 маблағгузории соҳаи маориф таҳти ислоҳот қарор дошта, дар асоси барномаи миёнамуҳлати хароҷоти давлатӣ ташаккул меёбад. Ҳаҷми умумии маблағҳои ба ин соҳа ҷудогардида 28269519 сомониро ташкил медиҳад, ки он дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети ноҳия 64,3 фоизро ташкил дода, нисбат ба соли ҷорӣ ба маблағи 1024329 сомонӣ ё 3,7 фоиз зиёд мебошад ва дар доираи он 73 муасисаи соҳаи маориф маблағгузорӣ карда мешавад. Ҳиссаи фонди музди меҳнат дар соҳаи мазкур 83,4 фоизи хароҷоти ҷориро ташкил медиҳад.

Соҳаи нигоҳдории тандурустӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок буда Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ин соҳа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда, соли 2018 барои нигоҳдорӣ ва рушди он 8292899 сомонӣ ё 18,9 фоизи ҷамъи хароҷоти буҷети ноҳияро пешбинӣ менамояд. Маблағгузорӣ ба ин соҳа нисбат ба буҷети тасдиқгардидаи соли ҷорӣ 845603 сомонӣ ё 10,2 фоиз афзудааст, ки дар доираи он 51 муассисаи соҳаи тандурустӣ маблағгузорӣ хоҳанд гардид. Ҳиссаи фонди музди меҳнат дар соҳаи мазкур 82,7 фоизи хароҷоти ҷориро ташкил медиҳад.

Хароҷотҳо барои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳаҷми 375140 сомонӣ, барои пардохти ҷӯбронпулӣ ба маъюбону иштирокчиёни садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил, барои роҳхат ба санаторияву профилакторияҳо пешбинӣ гардидааст.

Дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ барои ободонии марказӣ ноҳия 450356 сомонӣ пешбинӣ мешавад. Дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия барои таъмири ҷорӣ роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта 319195 сомонӣ пешбинӣ мешавад.

Ба соҳаи фарҳанг ва варзиш соли 2018 1432190 сомонӣ пешбинӣ мегардад.

Ба соҳаи хоҷагии қишлоқ 250475 сомонӣ маблағгузорӣ пешбинӣ шудааст.

Соли 2018 барои сохтмони асосӣ 1300,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар соли 2018-ум барои нигоҳдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 2940470 сомонӣ ҷудо гардидааст, ки 62,2 фоизи онро фонди музди меҳнати кормандон ташкил медиҳад.

Аз он ҷумла, барои нигоҳдории ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 1753008 сомонӣ маблағ равона хоҳад шуд.

Ҷамоати деҳоти Бӯстон – 177 765 сомонӣ;

Ҷамоати деҳоти Меҳробод – 180397 сомонӣ;

Ҷамоати деҳоти Вашгирд – 150787 сомонӣ;

Ҷамоати деҳоти Д.Алиев – 211881 сомонӣ;

Ҷамоати деҳоти Ҷавонон -201126 сомонӣ;

Ҷамоати деҳоти Чашмасор – 147969 сомонӣ;

Ҷамоати деҳоти Қалаи дашт – 303521 сомонӣ;

Ҷамоати деҳоти Мискинобод – 202180 сомонӣ;

Ҷамоати деҳоти шаҳраки Файзобод – 177382 сомонӣ;

Барои хадамоти оташнишонӣ 248137 сомонӣ маблағ пешниҳод шудааст.

Дар буҷети соли 2018-ум барои фонди захиравии раиси ноҳия 87250 сомонӣ пешбинӣ мешавад.

Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ аз рӯйи гурӯҳбандии иқтисодии буҷетӣ ба мақсадҳои зерин ба нақша гирифта шудааст:

-барои фонди музди меҳнат – 34016309 сомонӣ ё 74,5 фоизи ҷамъи буҷет;

-барои хариди мол кор ва хизматрасониҳо – 8142179 сомонӣ ё 18,5 фоизи буҷет;

-барои трансфертҳо ба аҳолӣ – 507143 сомонӣ;

-барои сохтмони асосӣ – 1300000 сомонӣ ё 4,4 фоизи қисми хароҷоти буҷет пешбинӣ карда мешавад.

Тибқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018” соли 2018 воридоти андози иҷтимоӣ аз ҳисоби ҳамаи субъектҳои андоздиҳанда дар ҳаҷми 12529018 сомонӣ, аз он ҷумла аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ 5100000 сомонӣ ва ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 7429018 сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳаҷми умумии маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ барои соли соли 2018 ба маблағи 1624700 сомонӣ пешниҳод карда мешавад.

Аз он ҷумла:

-Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ -27000 сомонӣ;

-соҳаи тандурустӣ -1082000 сомонӣ;

-соҳаи маориф -452700 сомонӣ;

-соҳаи фарҳанг -13000 сомонӣ;

-соҳаи хоҷагии қишлоқ -50000 сомонӣ;

Нишондиҳандаҳои буҷети маҳаллӣ барои соли 2018 дар доираи рушди воқеии имрӯзаи иқтисодиёт иҷрошаванда мебошад ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ноҳия бо дастгирии Шумо барои босифат иҷро гардидани буҷет ва самаранок масраф шудани он тамоми чораҳои заруриро меандешанд.