МАОРИФ

РУШДИ МАОРИФ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Боиси қайд аст, ки  маҳз бо  ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мактабу маорифи миллии мо рӯ ба инкишоф ниҳода, мақому мартабаи омӯзгор боз ҳам афзуд, соҳаи маориф дар сиёсати давлатӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи афзалиятнок ва дорои аҳамияти стратегӣ эълон гашт, ки ҳамаи ин ғамхориҳо ба рушди соҳа ва баланд гардидани масъулиятнокӣ ва масъулиятшиносии омӯзгорон боис шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар   суҳбату вохӯриҳо,   сафарҳои корӣ ба минтақаҳои гуногуни кишвар ва Паёмҳои ҳамасолаашон ба Маҷлиси Олии мамлакат, диққати роҳбарон ва шахсони масъулро ба дастгирии ҳамаҷонибаи соҳаи маориф ва омӯзгорон ҷалб намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва таъмини рушди устувор ва минбаъдаи соҳа дастуру супоришҳои мушаххас ва судманд медиҳанд.

Ҳамин аст, ки  маблағгузорӣ ба соҳаи маорифи ноҳия сол аз  сол меафзояд. Агар  соли 2016 ба соҳа – 25148193 сомонӣ ҷудо гашта бошад, дар соли 2017 – 27245190 ҷудо шудааст,  ки нисбат ба соли гузашта қариб 2,1 млн. сомонӣ зиёд аст.

Ин худ далели он аст,  ки иҷрои ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд, ислоҳот ва навсозӣ дар соҳаи маориф дар маркази диққати давлату Ҳукумати кишвар  ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  қарор дошта, идомаи бомароми он таъмин карда мешавад.

Соли ҷорӣ ҳамаи 59 муассисаи таҳсилоти умумӣ, (43 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 11 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 5 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ), МЭКН ва 2 кӯдакистони ноҳия аз рӯи нақша ва барномаҳои таълимӣ мунтазам фаъолият намуданд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия     20573 нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбати соли таҳсили гузашта 800 нафар хонанда зиёд аст.  

Бо мақсади ҳал намудани мушкилоти ҷойи нишаст дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳия дар назди 34 муассисаи таълимӣ барои 5388 ҷойи нишаст, муассисаҳои таълимии нав ва синфхонаҳои иловагӣ ба маблағи 29 млн. 380 ҳазор сомонӣ сохта  ба истифода дода шудаанд.

Соли равон аз ҳисоби фонди “Саховатмандони диёр” ва ҷалби дигар соҳибкорони диёр  дар деҳаи Навобод барои 200 ҷойи нишаст, дар деҳаи Кӯлобиён барои 100 ҷойи нишаст, Меҳробод  барои 100 ҷойи нишаст  муассисаҳои таълимӣ сохта шуда, рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор мегиранд. Дар деҳаи Элоки деҳоти Қалъаидашт аз ҳисоби ширкати ТВЕА – и кишвари Чин ба маблағи беш аз 18 млн сомонӣ барои 1200 ҷойи нишаст бинои наву замонавии муассисаи таълимӣ сохта хоҳад шуд. Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии рақамҳои 26 ва  32 идома доранд. 

Имрӯзҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 1296 нафар омӯзгорон ба таълиму тарбия машғул мебошанд, ки 920 нафар дорои таҳсилоти олиянд. 

Муассисаҳои томактабӣ дар таълиму тарбия, рушди ақлониву ҷисмонии кӯдакон ва ба таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ омода намудани онҳо нақши муҳим мебозанд. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди муассисаҳои томактабӣ ва фарогирии шумораи бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ   соли ҷорӣ   биноҳои куҳнаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 2, 3 ва 44 аз таъмир бароварда шуда, муассисаҳои томактабӣ ташкил карда мешаванд.

Ҷиҳати иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ барои солҳои 2011–2016» корҳои амалӣ ба иҷро расида истодааст. Соли 2016 дар ноҳия гурӯҳҳои мақсадноки Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С. Айнӣ ташкил карда шуд, ки дар курси дувуми он 168 нафар хатмкардаҳои муассисаҳои таълимии ноҳия таҳсил доранд ва ин боргоҳи таълимӣ имсол низ дарҳои худро барои толибилмон боз менамояд.

Имрӯз ҳар як омӯзгор эҳсос менамояд, ки вазифаашро бояд ба ҳисси баланди масъулиятшиносӣ иҷро намуда, дар тарбияи маънавии фарзандони мардум   ҳиссагузор бошад.   Бештар ба сифати таълим диққат дода, роҳу усулҳои фаъолу самарабахши таълимро ҷустуҷӯ намуда, аз таҷрибаи мамолики пешрафтаи ҷаҳон дар соҳаи маориф бархурдор гардида, дар тарбияи насли наврас, ки ояндаи миллату кишвар мебошад аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, дар татбиқи амалии сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳиссагузор бошад.

Маорифчиёни ноҳия баҳри баланд бардоштани маънавиёти ҷавонон ва ҳуввияти миллӣ, дар рӯҳияи ифтихор аз ватану ватандорӣ  тарбия намудани насли наврас пайваста кӯшиш намуда, дар ободию гулгулшукуфии ватани азизамон, Тоҷикистони ободу соҳибистиқлол, саҳми сазовор мегузорем.

Файзулло Наҷмиддинов, мудири шуъбаи маорифи ноҳия.

Шаблоны joomla скачать здесь