КИШОВАРЗӢ

ХИЗМАТИ ОЛИМ ҚАДР ГАРДИД

ХИЗМАТИ ОЛИМ ҚАДР ГАРДИДДар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия   дар ҳозирии  роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия  директори стансияи минтақавии таҷрибавии боғдории Карсанг, олими шинохта  Ҳукматулло Қодировро бо тантана ба нафақа гусел карданд,  ки ин гувоҳ аз эътирофи меҳнати ҳалол ва подоши хизмати содиқона дар сохторҳои роҳбарӣ буд.


Раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикисон Раҷабзода Миралӣ   иброз дошт, ки Ҳукматулло Қодиров  тўли фаъолияти беш аз чилсолаи  худ дар пешрафти соҳаи кишоварзии ноҳия хизмати босазое карда,  ҳар вазифаеро, ки ба зиммаашон гузошта буданд, бо сари баланд  ба иҷро расонидааст. Ҳамин аст, ки Ҳукматулло Қодиров  бо меҳнати ҳалоли хеш дар миёни сокинони ноҳия  мақому манзалати баландро соҳиб шудааст.
Ҳукматулло Қодиров фаъолияти хешро пас аз хатми  Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон аз вазифаи сарагрономи  совхози “Файзобод” оғоз намуда, сипас роҳбарии ин хоҷагӣ, директори стансияи минтақавии таҷрибавии боғдорӣ, тайи панҷсол сардори раёсати кишоварзии ноҳияро ба уҳда дошт. Дар соҳаи  кишоварзӣ  татқиқотҳои илмӣ гузаронида, соли 2000 бо ҳимояи  рисолаи илмӣ сазовори унвони   номзади илмҳои кишоварзӣ гардидааст.
Раиси ноҳия М. Раҷабзода   ба Ҳ. Қодиров    аз номи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тӯҳфа  тақдим намуда  боварӣ бахшид, ки дар оянда низ номбурда донишу таҷрибаи худро баҳри пешрафти соҳаи кишоварзии ноҳия дареғ намедорад.     
Сипас Ҳ. Қодиров ба раиси ноҳия ва ҳозирин барои чунин қадрдонӣ изҳори миннатдорӣ намуда боварӣ бахшид, ки имкониятҳои худро баҳри тарбияи шогирдон дар соҳаи кишоварзӣ ва инкишофи соҳаи мазкур  сарф хоҳад кард.
 

«НФ».

Шаблоны joomla скачать здесь