КИШОВАРЗӢ

ФАЙЗОБОД ДАР ҶОЙИ ДУЮМ

     Рӯзи 29 август дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни «Иди асал» доир гашт. Асалпарварони ноҳияҳои  тобеи марказ намунаи заҳмати худро  дар маҳаллаи Қарияи болои ноҳия Сино пешкаши сокинону  меҳмонон гардонда буданд. Боиси қайд аст, ки асалпарварону кишоварзони  ноҳияи мо бо сарварии муовини аввали раиси ноҳия Зиёратшоҳ Акрамзода  баробари беш аз се тонна асал ва дигар маҳсулотҳои аз он истеҳсолшаванда,  ҳамчунин маҳсули дастранҷи кишоварзону боғдорон-себу нок, картошкаву пиёз ва караму қаламфури булғории хушсифатро манзури харидорон намуданд.   Дар озмуни мазкур 14 нафар асапарварон аз ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ширкат доштанд. Ҳакамон ба тамъу сифати  асали занбўрпарварони Файзобод мақоми дуюмро миёни  ноҳияҳои водии Рашт сазовор донистанд.

«НФ».

Шаблоны joomla скачать здесь