КИШОВАРЗӢ

НАҚША ИҶРО ШУД

Мувофиқи нақшаи раёсати кишоварзии ноҳия имсол дар хоҷагиҳои коллективию инфиродӣ бояд  дар майдони 240 гектар кишти сабзавот мегузаронданд.  Меҳнати босуботу ташкили дурусти кор имкон дод, ки нақшаи мазкур барзиёд иҷро гардид.
Чи тавре ки аз шуъбаи омори ноҳия иттилоъ гирифтем деҳқонони    хоҷагиҳои коллективӣ ва инфиродӣ корро муташакилона ба роҳ монда, майдони кишти сабзавотро ба 241 гектар расониданд, ки иҷроиши нақшаро   101 фоиз ташкил медиҳад.
Помидори сурху ҷигарии Файзобод дар саросари кишвар ба таъми хушу серобиаш бозоргир аст. Ҳоло ин навъи помидорро берун аз ҷумҳурӣ дар Канадаю Амрико низ бо номи “Помидори Файзобод” кишт мекунанд. Ин навъи помидор то 500-600 сентнерӣ ҳосил медиҳад. Ҳамин аст, ки  кишти помидори сурху ҷигарӣ сол аз сол дар ноҳия зиёд мегардад. То ба имрӯз дар 103 гектар кишти помидорро  ба роҳ мондаанд ва чӣ тавре масъулин таъкид доштанд, рӯзҳои наздик майдони кишт ба 110 гектар хоҳад расид.
Нақшаи кишти пиёз бошад 120 фоиз иҷро гардид.
 Месазад дар иҷрои нақша саҳми сабзавотпарварони ҷамоатҳои деҳоти Ҷавонон, ба номи  Дӯстмурод Алиев  ва Чашмасорро қайд кард.


 С.ТИЛЛО.

Шаблоны joomla скачать здесь