КИШОВАРЗӢ

ҲИФЗИ ТАБИАТ - СОЛИМИИ ҶОМЕА

Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист аз ҷониби Маҷмааи 27-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид 16 декабри соли 1972 эълон шудааст. Санаи мазкур ба ифтихори 5 июн оғоз шудани  Конференсияи Стокголм оид ба проблемаҳои муҳити зист, ки ҳамон сол баргузор шуда буд, интихоб гардидааст. СММ дар барномаи худ оид ба муҳити зист ташкилоти наверо бо номи ЮНЕП (Иттиҳоди сиёсӣ-иқтисодии миллӣ) таъсис дод, ки мақсади он кӯшиши муҳофизат ва беҳтар кардани муҳити зист аст.
Оид ба проблемаи ҳифзи муҳити зист Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон аз замони ба даст овардани истиқлолияти миллӣ бо назардошти дарки муҳимиятии масъалаҳои экологӣ якчанд қонунҳоро дар робита ба масъалаҳои афзалиятноки муҳити зист қабул намудааст. Кишвари мо ҳамчун як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба узвияти 8 Конвенсияи СММ оид ба масъалаҳои экологӣ пазируфта шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъалагузорӣ ва пешниҳодоти мушаххас дар робита ба ҳалли масъалаҳои муҳити зист миёни кишварҳои ҷаҳон обрӯву нуфўзи баланд касб намуд. Бахусус ташаббусҳои наҷибонаи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои об аз тарафи  ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии ҳамаҷониба ёфт. Эълон гаштани соли 2003 ҳамчун «Соли оби тоза» ва солҳои 2005-2015 ҳамчун «Даҳсолаи амалиёти байналхалқии «Об-барои ҳаёт» аз ҷониби СММ,  Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор миёни дигар кишварҳои ҷаҳон муаррифӣ намуд.    Хурсандибахш аст, ки Тоҷикистонро мардуми аксар мамлакатҳо ҳамчун кишвари дорои табиати зебо, кӯҳҳои сарбафалаккашидаи барфпӯш, ҳавои тоза ва обҳои мусаффо мешиносанд. Ҳамин аст, ки аз се номинатсияи ба рӯихати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомилгашта, якеаш «Парки миллии Тоҷикистон» мебошад.
Кумитаи ҳифзи муҳити зист, ки сиёсати пешгирифтаи ҳукумати ҷумҳуриро дар соҳаи муҳити зист, экология ва дар асоси қонунҳои ҶТ, дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон ба роҳ монда, солим нигоҳ доштани  муҳити зист ва беҳ шудани дараҷаи некӯаҳволиро аз ҳадафҳои афзалиятноки хеш меҳисобад.   Дар заминаи ин ҳадаф чанде пеш аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зист лоиҳаи навбатии инвеститсионӣ бо маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ  таҳти унвонии «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот» ба фаъолият оғоз кард.
 Мо низ  сокинони ноҳияро ба муҳофизат ва тарзи дурусти истифодаи захираҳои табиӣ даъват менамоем.


Маҳмадулло НАЗАРОВ, мудири
шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия.

Шаблоны joomla скачать здесь