КИШОВАРЗӢ

МЕҲРГОН ҶАШНИ МЕҲРАСТУ КИШОВАРЗӢ

Ҳамасола тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»  моҳи октябр дар саросари ҷумҳуриамон иди кишоварзон,Меҳргон дар сатҳи баланд ҷашн гирифта мешавад.

Чун ҷашнҳои Наврӯз ва Сада иди Меҳргон таърихи чандҳазорсола дорад. Аз ҷумла муаллифи «Шоҳнома»-и безавол Абулқосим Фирадавсӣ пайдоиши Меҳргонро ба замони салтанати Ҷамшеду Фаридун мансуб медонад. Вале ба таври мушаххас таҷлили иди Меҳргон аз давраи ҳукмронии Сосониён ба ҳукми анъана даромадааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошта буданд, ки «Воқеан, Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои  мардуми ориёнажод буда, гузаштагонамон онро  ҳамчун  ситоишу  ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати оини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд»

Ҳамин аст, ки гузаштагонамон  нимаи моҳи октябр ин  рӯзро ҷашн мегирифтанд.

Боиси хушнудист, ки иди касбии кормандони соҳаи кишоварзӣ - Меҳргон бо шарофати Истиқлолият умри дубора пайдо намуд ватибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 таҳти №538 ҳамасола дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу шаҳомати тоза таҷлил мегардад.

Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили меҳнати марди деҳқон фаро расидани иди Меҳргон басо рамзист.

Мавриди зикр аст, ки чанд соли охир дар ноҳияи мо низ, чун дар тамоми кишвар, ботантана таҷлил намудани ҷашни Меҳргон ба расмият даромадааст. Ин ҷашн бо баргузории намоиши дастранҷи кишоварзон ва барномаҳои фарҳангӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда шуда, ба ифтихори ин ҷашни бошукӯҳ беҳтарин кормандони соҳаи кишоварзӣ бо мукофотҳои таъсисдодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида мешаванд.

Соли ҷорӣ тантанаҳои иди Меҳргон майдони  назди Филармонияи халқии ноҳия интихоб шуд. Дастранҷи кишоварзонро  дар назди Парчами миллӣ намояндагони ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ташкил карда буданд, меҳмонону ҳозирон тамошо карданд. Сипас  дар ҷамъомади идона  муовини аввали раиси ноҳия Достзода Мансур Тағой аз номи раиси ноҳия  Раҷабзода Миралӣ ҳозиринро муборакбод намуд. Раҷабалӣ Ёров (дар соҳаи боғдорӣ), Ином Шарипов (дар соҳаи картошкапарварӣ), Раҷабов Фатҳуллодар (дар соҳаи замбӯрпарварӣ) ва  Сулаймон  Мирзоев (дар соҳаи пиллапарварӣ)  барои дастовардҳои меҳнатӣ бо Сипосномаҳои раиси ноҳия ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Ҳунармандони  ноҳия ҷашни аҷдодиро бо санъати волои худ рангин гардонданд.

Соли равон  кишоварзони ноҳия  ғайратмандона меҳнат намуда, дар майдони 3331 гектар ғалладонагиҳо, 820 гектар картошка, 711 гектар сабзавот кишт карданд ва то имрӯз 6144 тонна ғалла, 9840 тонна картошка, 10142 тонна сабзавот, 3440 тонна мева истеҳсол намуданд ва дастурхони сокинони ноҳия ва ҷумҳуриамонро ғанӣ гардониданд. Боғдорони ноҳия бошанд, имсол дар майдони 309 гектар боғҳои наву содиротӣ бунёд намуданд ва бунёди боғҳо имрӯз идома дорад.

Боиси таъкид аст, ки айни ҳол дар тамоми самтҳои соҳаи кишоварзӣ сокинони ноҳия аҳлона меҳнат намуда, барои ҳосили фаровони соли оянда заминаи мусоид фароҳам меоранд  ва азму талоши онҳо моро дилпур месозад, ки соли оянда кишоварзони ноҳия истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро афзунтар намуда, дар роҳи амалисозии яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - таъмини амнияти озуқаворӣ, саҳми арзанда мегузоранд.

Эмомиддин Насриддинов,

сардори раёсати кишоварзии ноҳия.

Шаблоны joomla скачать здесь