ХАБАРҲО

НАВРӮЗИ КИШОВАРЗОН

Кишоварзони ноҳия омади баҳори нозанинро хуш пазируфтаву аз рӯзҳои аввали он сертарадуданд. Дар рӯзҳои мусоиди баҳорӣ бо истифодаи техникаи мавҷуда аллакай дар майдони 300 гектар кишти зироатҳои ғалладонагӣ гузарониданд. Рафти кишти баҳорӣ дар хоҷагиҳои минтақаи поёнии ноҳия рӯз аз рӯз вусъати тоза мегирад. Кишоварзон инчунин ба кишти картошка оғоз бахшида, дар майдони 15 гектар картошкаи барвақтӣ шинониданд.

Шаблоны joomla скачать здесь