ХАБАРҲО

ЯРМАРКАИ КИШОВАРЗОН ДАР ДУШАНБЕ

Дар асоси дастури Вазорати кишварзии мамлакат рӯзҳои   арафаи соли нав   бо иштироки ҳамаи ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои сокинони Душанбешаҳр ярмаркаи маҳсулотҳои кишоварзӣ баргузор  гардид.

Кишоварзони файзободӣ низ дар шафати театри опера ва балети  ба номи устод С. Айнии ноҳияи Шоҳмансури Душанбешаҳр бо нархи нисбати бозор 20 фоиз арзонтар маҳсулотҳои кишоварзӣ, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, маҳсулотҳои ширӣ, оби «Файзобод» ва гӯшти мурғу тухмро  ба фурӯш бароварданд. Харидорони  Душанбешаҳр аз сифати хуби маҳсулотҳои кишоварзони ноҳия қаноатмандӣ карданд.

С.ТИЛЛО.

Шаблоны joomla скачать здесь