ХАБАРҲО

ХАТНАСУРИ 50 НАФАР

Масъули бунгоҳи тиббии деҳаи Фатҳободи Ҷамоати деҳоти Мискинобод бо дастгирии сартабиби Маркази саломатии ноҳия Музаффар Мирзоев хатнасури 52 нафар кӯдакони оилаҳои нёзмандро гузарониданд. Ин амали хайр, ки аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад, қалби сокинони деҳаи Фатҳободро пур аз шодиву фараҳ намуд. Мардум аз ғамхорию дастгириҳои давлату ҳукумат, раиси ноҳия ва пизишкони ҳозиқи диёр арзи миннатдорӣ намуда, шукронаи сулҳу амонӣ ва фазои тинҷу ороми кишварро намуданд.

Ҳоким САФАР.

Шаблоны joomla скачать здесь