ХАБАРҲО

ҒОЛИБИ ОЗМУНИ «БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҶАВОН»

Соли 2017 - Соли ҷавонон

 

Иттилоъ дода будем, ки бахшида ба Соли ҷавонон бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани озмуни  ҷумҳуриявии фарҳангӣ-маърифатӣ таҳти унвони «Беҳтарин оилаи ҷавон» эълон гардида буд. Ин озмун дар се давр – даври аввал дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, даври дуюм дар сатҳи ноҳиявӣ ва даври сеюм дар сатҳи ҷумҳурӣ доир мегардид.

Даври ноҳиявӣ рӯзи 9 ноябр дар пешайвони Филармонияи халқии ба номи Нигина Рауфова баргузор шуд. Дар он 6 ҷуфт оилаҳои ҷавони беҳтарин аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок намуда, аз рӯи шартҳои озмун, ки аз бахшҳои рӯзгордорӣ, маънавӣ, фароғатӣ, ҳаҷвӣ, фарҳангӣ, андарзӣ иборат буд, байни худ мусобиқа намуданд. Дар ҷамъбаст намояндаи оилаи ҷавон аз Ҷамоати шаҳраки Файзобод Эҳсон Зубайдов ва ҳамсараш Гулдастаи Маҳмадулло сазовори ҷойи аввал ва унвони «Беҳтарин оилаи ҷавон», Нарзулло Хоҷаев ва ҳамсараш Роҳила Дӯстзода аз Ҷамоати деҳоти Мискинобод сазовори ҷойи дуюм ва унвони «Оилаи соҳибмаърифат», Мақсудшоҳ Сафаров ва ҳамсараш Савринисо Зайниддинова аз Ҷамоати деҳоти Ҷавонон соҳиби ҷойи сеюм ва унвони «Оилаи соҳибхирад», оилаҳои ҷавон Шарофиддин Файзуллоеву Мадина Шарифова аз Ҷамоати деҳоти Бӯстон, Худойназар Гулмуродзодаю Мавзуна Ризоева аз Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев, Субҳиддин Маҳмадиеву Наврӯза Раҷабова аз Ҷамоати деҳоти Қалъаидашт соҳиби унвони «Оилаи намунавӣ» гардиданд.

Воқеан, ғолиби озмуни «Беҳтарин оилаи ҷавон» Эҳсон Зубайдов хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва Гулдастаи Маҳмадулло хатмкардаи коллеҷи тиббии ноҳия буда, дар Соли ҷавонон оилаи нав барпо кардаанд. Бо ин ғолибият охири моҳи ноябр ин оилаи ҷавон дар озмуни ҷумҳуриявӣ иштирок хоҳанд кард.

Муовини раиси ноҳия Н.Раҷабова озмунро ҷамъбаст намуда ба ғолибон ва оилаҳои беҳтарини насли калонсол, аз ҷумла ба  Пайкамоҳ Муғниева – модаре, ки фарзандонашро ихтиёран ба сафи Қувваҳои  Мусаллаҳ фиристодааст, (аз Ҷамоати деҳоти Мискинобод), Сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро супорид.

Шаблоны joomla скачать здесь