ИҶТИМОЪ

"САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА" АЗ ОҒОЗИ СОЛ БА ОН ОМОДАГӢ БОЯД ДИД

Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола», ки ҳамасола дар кишварамон баргузор мешавад, пеш аз ҳама ҳадафи он барои баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар як сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар як хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ равона гардида, баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Ҷилои тозаи лолаҳои дилрабо бо тамоми рангҳо дар тамоми гӯшаҳои кишвар як падидаи беназир ва бесобиқаест, ки ба чашм нуру ба дил фараҳ мебахшад.

«Сайри гули лола» яке аз маросими суннатии мардуми мо маҳсуб ёфта аз завқи баланду зебоипарастии мардуми  фарҳангсолору шоиртабиат ва  ҳуснпарвари тоҷик гувоҳӣ медиҳад. Ҳамин аст, ки парастиши гули лола, тасвиру тавсифи бадеии он дар адабиёти классикии мо шурӯъ аз шеъри устод Рӯдакӣ ибтидо гирифтаст:

Бихандад лола дар саҳро ба сони чеҳраи Лайло,

Бигиряд абр бар гардун ба сони дидаи маҷнун…

Дар хусуси ватани лола андешаҳои зиёд аст ва бояд қайд намуд, ки зиёда аз 65 намуди он паҳн шудааст ва 25 намуди он дар Тоҷикистон мерӯяд.

Ҷашни «Сайри гули лола» имрӯз дар кишвари тозаистиқлоламон ин   танҳо як ҷашни сайри гули лола нест. Лола рамзи зебоӣ ва ҳусну назокат аст, ки дар атрофи он даҳҳо падидаҳои фарҳангии дигар арзи вуҷуд мекунанд. Маросими «Сайри гули лола» ҳамчунин ҷилои истеъдодҳо, дурахши ҳунару санъати тоҷик, намоиши рақсу суруду мушоираву саҳнаҳои ҳунариву ҷолиби дигари ин халқи ҳунарманду эҷодкорро низ фаро мегирад.

Лола  рамзи хушбахтӣ, ишқ, комёбӣ ва дороиҳост. Рангорангии анвои лолаҳо нишону аломатҳои гуногунро ба вуҷуд овардааст. Масалан, лолаҳои сурх паёмовари ишқи пурэҳсос; лолаҳои сафед –  рамзи покизагии дилу ният; лолаҳои гулобӣ – огоҳӣ аз дигаргуниҳои нек; лолаҳои бунафшу нофармон оромибахши рӯҳанд.

Дар ноҳияи мо ҳам ба ин чорабинии ҷумҳуриявӣ ҳамаҷониба омодагӣ гирифта истодаанд. Тибқи амри раиси ноҳия аз 18 январи соли 2019, таҳти рақами 13 «Дар бораи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш,ид, ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия барои солҳои 2019-2021» ҳамаи ташкилоту муассисаҳо вазифадор карда шудаанд, ки кучати гули лоларо гузаронанд ва баҳор лола оробахши даромадгоҳи коргоҳҳо бошад. Баҳри иҷрои ин дастур аллакай масъулини бисёр корхонаҳо тухми гули лоларо сабзонида истодаанд.

Мо тасмим гирифтем, ки мавзӯи мазкурро дар оянда пайгирӣ намуда, дар бораи беҳтарин майдончаҳои гули лола гузоришҳо омода намоем.

         Т. Соҳибназаров, «НФ».

Шаблоны joomla скачать здесь