ИҶТИМОЪ

ДУ ҒОЛИБ АЗ ФАЙЗОБОД

Соли 2019 дар сатҳи ҷумҳурӣ ду озмуни фароғатӣ – яке «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», дигаре «Фурӯғи субҳи доноӣ…». Боиси ифтихор аст, кидар озмуни аввала ду намояндаи Файзобод: хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 Шодмеҳр Давлатов ва корманди Филармонияи халқии ба номи Нигина Рауфова Иброҳим Камолов ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд. Хабарнигори «Набзи Файзобод» ба ин муносибат онҳоро муборакбод карда таассуроташонро аз ин чорабиниҳои муҳим пурсон шуд.

Шодмеҳр Давлатов:

- Ман дар озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» аз рӯи номинатсияи ровӣ қувваозмоӣ намудам. Озмун аввал дар ноҳия гузашт. Дар бахши ровӣ шаш нафар будем, ки ҳакамон истеъдоди маро писандида, ба озмуни минтақавӣ роҳхат дод. Дар озмуни минтақавӣ, ки дар шаҳри Ваҳдат баргузор гардид, аз се ҷо – ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод ва шаҳри Ваҳдат 16 кас иштирок кард. Ва ман ғолиби ин давр пазируфта шудам. Дар даври ҷамъбастӣ (ҷумҳуриявӣ) 8 нафар будем. Албатта, даври ниҳоб ҳаросу ҳаяҷон дорад. Бояд бигӯям, ки ман аз худ боварӣ доштам, зеро дар мактаб, инчунин дар саҳнаи театри халқии ноҳия аз имтиҳони маҳорат гузаштаам. Инро ҳам бояд бигӯям, ки момаи азизам, рӯзноманигор Мунаввара Тағоева дарси сухангӯӣ меомӯзад.

Ҳакамон ҳам аз аҳли адабу фарҳанг иборат буд. Шоири халқии Тоҷикистон устод Аскар Ҳаким, устодони саҳна Ортиқи Қодир, Муҳаммадҷон Шодиев, Қурбони Собир, Абдурашид Хуҷамқулов ҳар кадом, ба ифодаи устод Муъмин Қаноат, вазну тамкини суханро медонанд. Онҳо ба ман 43 хол насиб дида, ҷои дуюмро сазовор донистанд. Намояндаи шаҳри Панҷакент, Муштарӣ бо 46 хол ҷойи якумро гирифт.

Қайд кардан мехоҳам, ки мукофот (20 ҳазор сомонӣ) ва ҷоизаи озмунро ба ман мушовири Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода супорид.

Иброҳим Камолов:

Озмуне, ки таҳти унвони «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» гузашт, бо ибтикори Пешвои миллат, азизи дили мо Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуд. Бигузор, ки ман ғолиби яке аз ҷойҳои ифтихорӣ намешудам, вале ҳазорҳо бор миннатдорӣ мекардам, ки роҳбари давлати мо ба рушди фарҳанг ин қадар таваҷҷуҳ зоҳир мекардааст. Сад офарин, ҳазорон офарин ба ӯ!

Дар озмун аз 62 шаҳру ноҳияи кишвар садҳо нафар қувваозмоӣ карданд. Албатта, нобиноҳои соҳибзавқ ҳам буданд. Дар интиҳо фақат ман, як нафарнобино мондам. Иштирокчиёни даври интиҳоӣ 36 нафар буданд. Ман ҷойи дуюмро соҳиб шудам. Ғолибияти ман дар интиҳои озмун, пеш аз ҳама тараҳҳуми Худованд буд. Чунки мани оҷизро ба ин шуҳрат расонд. Фаҳмидам, ки аз Файзобод ду кас соҳиби унвони ғолибият шудаанд, ману Шодмеҳр Давлатов. Аз ин муваффақият бояд мардуми Файзобод ифтихор кунанд.

Озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» барои ман боли парвози баланд кушод. Ман соҳиби даҳҳо ҳазор мухлис шудам. Баъди озмун дар шаҳри Кӯлоб, дар Данғара, дигар ноҳияҳо консертҳои ман барпо гардиданд. Инро ҳам бояд бигӯям, ки дар вилояти Хатлон 25 консерт додам. Раиси шаҳри Кӯлоб, шахси нотакрор Инъомҷон Баҳром маро бо самимияти беандоза қабул кард. Консертҳои ман дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Фарғона, Сурхандарё ба дараҷаи олӣ гузаштанд. Чанде пештар дар фестивали суруду мусиқӣ дар Эрон ҷойи намоёнро соҳиб шудам. Ман дар ҳама ҷо ҳамчун намояндаи Файзобод баромад кардам. Файзобод зодгоҳи ман аст. Қадри ин диёрро баробари қадри падар-модар медонам. Ман дӯстдори обу хоки Ватанам, ки Тоҷикистон ном дорад.

Фараҳбахштарин соати умри ман лаҳзаҳои вохӯрӣ бо Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллӣ Гулназар Келдӣ буд, ки ҳафтаи гузашта дар театри халқии ноҳия ба вуқӯъ омад. Ман инҷо ду шеъри устодро сароидам. Устод Гулназар маро дӯстдорӣ кард. Аз эҳтироми ӯ сарам ба осмон расид.

Озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» барои эҷодкорон имтиҳон буд. Ҳар каси аз имтиҳон гузашта минбаъд бояд масъулияти бештар ҳис кунад.

Шаблоны joomla скачать здесь