ИҶТИМОЪ

РУШДИ БОСУРЪАТИ САНОАТҲАДАФИ НАВБАТӢ

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  26 декабри соли 2018 ироа гардид, фарогири масоили умдаи иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва сиёсати дохиливу хориҷии ҳукумати мамлакат аст.

Сарвари давлат дар Паёми худ самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти марказию маҳалли ҳокимияти иҷроияро дар соли 2019 ва солҳои оянда ҷиҳати муҳайё сохтани шароити арзандаи зиндагонӣ барои сокинони мамлакат ва ноил шудан ба ҳадафҳои асосии ҳукумати мамлакат барои солҳои наздиктарин муайян намудаанд.

Нуқтаи муҳиме, ки дар Паёми Пешвои давлат мавриди таъкид қарор гирифт, эътибор додан ба ҳифзи иҷтимоии сокинон, ташкили ҷойҳои  нави корӣ, татбиқи принсипҳои иҷтимоӣ будани давлат мебошад, ки он аз муқарароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Дар ин маврид аз ҷониби Сарвари давлат таъкид гардид, ки "Дар буҷети давлатӣ вазифаҳои иҷтимоии он ба инобат гирифта шуда, Ҳукумати кишвар барои баланд бардоштанинекуаҳволии мардум пайваста чораҷӯӣ менамояд.»

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти тамоюл гирифтани иқтисодиёти мамлакат аз аграрию индустриалӣ ба ҷумҳурии индустриаливу аграрӣ барои таъмини рушди устувори соҳаҳои саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, навоварӣ дар илму техника, кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифати ватанӣ, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва барқ, дасгтирии соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии сокинон вазифаҳои мушаххас пешбинӣ шудаанд.

Сардори давлат зарур шумориданд, ки корхонаҳои саноатии  истеҳсолкунандаи маводи хӯрокворӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, маъданҳои кӯҳӣ ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор дар ин самт фаъолиятро тақвият бахшанд. Зеро чунин тарзи ташкили фаъолияти иқтисодиёт шароит фароҳам меорад, ки ашёи хом то ҳадди ниҳоӣ дар маҳали тавлиди он коркард шуда, ба хориҷи кишвар содирот карда шавад ва дар навбати худ рушди минбаъдаи соҳаи саноат барои таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда низ мусоидат хоҳадкард.

Пешвои миллат вазифаҳоро барои давраи наздиктарин муқаррар карда, солҳои 2019-2021-ро "Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон намуданд. Дар  ҳақиқат, якчанд сол аст, ки ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҷумҳурӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад.

Зимни дастури Пешвои миллат дар доираи чорабиниҳо ба ифтихори таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд нақшаи чорабиниҳоро барои давраҳои минбаъда таҳия карда, ҷиҳати бунёди  иншооти маорифу нигаҳдории тандурустӣ, фарҳанг, обод гардонидани маҳалли зист ва майдонҳо, дигар корҳои созандагӣ истиқболи сазовори ин ҷашни муҳими давлатӣ фаъолиятро густариш бахшанд.

Ҳидоятҳои Пешвои миллат тақозо мекунад, ки ҳамаи мо, хосса роҳбарон ва фаъолон бояд аз тамоми имкониятҳои мавҷуда бештару самаранок истифода бурда, дар татбиқи иқдомҳои инсондӯстонаи Сардори давлат саҳмгузор бошем.

А. Азизов, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия.

Шаблоны joomla скачать здесь