ИФТИХОР

ФАЙЗОБОД ОБОДУ ЗЕБО МЕГАРДАД

  Файзободи азизи мо бо шарофати  Истиқлолияту сулҳу ваҳдати миллӣ рӯз аз рӯз ободтару зеботар мегардад. Кӯчаву гулгаштҳои маркази ноҳия ҳусни тоза гирифта, шабона пурра чароғон   гаштааст. Хонаҳои баландошёнаву муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳо таъмиру тармим шуда, дилкашу зебо ба чашм мерасанд.

 Мо, файзободиҳо бо Бозор Собиру Усмон Шарифзода, Қиёмиддин Чақалу Нигинаи номдораш, бо Ҳикмат Ризои гомери асри бисташ, Маликаву Муҳаррама, бо кӯҳҳои сар ба фалакаш, бо чаҳ-чаҳи булбулонаш, бо қаҳ-қаҳи кабкони Кабкрезаш, бо себу ноку помидори бомазааш фахр дорем.

Оре, Файзободи зархезу зарнисори мо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбариву  кӯшишу ғайрати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ ва ободкории мардуми  бонангу ораш боз ҳам ободтару зеботар мегардад.

Ғуломалӣ АСОЕВ, мухибири ҷамоатии “НФ”.

Шаблоны joomla скачать здесь