ИФТИХОР

ДАСТИ МАДАД БА ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТ

Валӣ Холов сокини деҳаи Фатҳободи Ҷамоати деҳоти Мискинобод ҳамеша дар арафаи иду ҷашнҳо   ба оилаҳои камбизоат дар сатҳи имкониятҳои доштааш кӯмак расонида, дуои неки онҳоро мегирад.

Имсол низ дар арафаи иди саиди Фитр Валӣ Холов ба панҷ нафар оилаҳои камбизот бо додани орду равған, шакару биринҷ ва маблағи пулӣ кӯмак расонд ва ният дорад, ки ин амали хайру савобро оянда низ идома диҳад.   Дар деҳаи Фатҳобод зиёданд шахсоне, ки дорои имкониятҳои калони хайр карданро доранд, аммо, мутаассифона, аз расонидани ёрӣ ба ниёзмандон худдорӣ мекунанд.

Хуб мешуд агар онҳо низ чун Валӣ Холов ба   оилаҳои камбизоат дасти ёрӣ дароз кунанду дуои онҳоро гиранд.

Ҳоким САФАР.

Шаблоны joomla скачать здесь