ИФТИХОР

МАРДИ МАТИНИРОДА БУД, ИБРОҲИМ САЛИМОВ

Аз саҳифаҳои таърих рӯшан аст, ки  дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз 300 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон зиёда аз 90 ҳазор нафари онҳо ҷони худро қурбон намуданд. Аз 16 ҳазор намояндагони диёрамон бошад, беш аз 600 нафарашон дар мулкҳои дур аз Ватан ҳалок шудаанд. Боқимондаи онҳо ба Ватан баргашта аз пайи меҳнати ҳалолу зиндагии осоишта гардиданд. Аз шумораи зиндамондагон имрӯз дар ҳаёт танҳо 4 нафари онҳо мондаанд, ки синну солашон аз навад боло мебошад. Шодравон Иброҳим Салимов аз он фарзандони барӯманди диёр аст, ки пеш аз ҷанг дар колхози «Октябри сурх» муаллимӣ мекард ва бо оғози ҷанг ихтиёрӣ барои ҳимояи Ватан ба ҷанг меравад. Ӯ марде буд хоксору меҳнатдӯст, далеру шуҷоъ, ҷаҳондида, некхоҳу некдил ва соҳиби дили бузург.

Рӯзгори пуршебу фарозро аз сар гузаронидааст, ки басо ибратомӯзу ҳикматбор аст. Баъди ба ҷанг рафтан дар яке аз муҳорибаҳои шаҳри Харков сахт маҷрӯҳ мешавад. Баъди табобат мехоҳанд ӯро ба ақибгоҳ фиристонанд, аммо ӯ розӣ нашуда аз нав ба майдони муҳориба меравад. Ҳисси ватандӯстӣ ва нафрату адоват нисбат ба душманони истилогар ҷанговаронро далертару ҷасуртар намуда буд. Иброҳим Салимов аз душвориҳо намеҳаросид, аз хунукиҳои зимистони қаҳратуни Русия, Украина парвое надошт. Ягон мушкилие иродаи қавии ӯро шикаст дода наметавонист. Ҷанговарон, ҳатто ҳафтаҳо хоб намерафтанд. Душмани хуб мусаллаҳшударо амон надода ба ақибнишинӣ маҷбур менамуданд. Иброҳим Салимов қаҳрамонона ҷангида аз ҳамяроқони худ қафо намемонд. Барои корнамоиҳо ва хизмати содиқонааш борҳо аз тарафи командирони полку двизияаш раҳматнома мегирифт. Дар яке аз муҳорибаҳои ҳайати фронти сеюми Белоруссия бори дуюм сахт маҷрӯҳ шуда, соли 1944 чун маъюби гурӯҳи дуюм ба Ватан баргашт. Баъди ба Ватан баргаштан солҳо дар вазифаҳои ҷойнишини раиси бюрои ҳизбии колхози ба номи Ворошилов, инструктори кумитаи ноҳиявии ҳизби коммунисти Тоҷикистон, шунавандаи мактаби советии ҳизбӣ дар назди КМ ҲК Ҷумҳурии Тоҷикистон, инспектори калони суғуртакунии давлатӣ, ходими хурди илмии совхози Файзобод, котиби кумитаи ноҳиявии ҳизби коммунисти Тоҷикистон, инструктори кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар назди колхозу совхозҳои минтақаи Ғарм, котиби озоди кумитаи ҳизби коммунисти совхози Файзобод, мудири шуъбаи ташкилии кумитаи ноҳиявии ҳизби коммунист ва аз моҳи апрели соли 1970 то моҳи марти соли 1980 ҷойнишини раиси шӯрои депутатҳои халқии ноҳия буд. Аз соли 1980 то охири умр Иброҳим Салимов дар вазифаи директори осорхонаи маркази ноҳия софдилона ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ кор кардааст.

Хизмату корнамоиҳои ҷангию меҳнатии ӯ бо 11 медал ва 3 грамотаи Президуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон, аз ҷумла бо медалҳои «Барои Ғалаба аз болои Германия дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945», «Барои хизмати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945», «Барои хизматҳои шоён», «Барои хизматҳои шоён бахшида ба ҷашни 100-солагии зодрӯзи В. И. Ленин» ва ғайра қадр карда шудааст.

Аз вафоти ин абармарди диёр солҳо гузашта бошад ҳам, мардум имрӯз аз кору ҳаёти гузаштаи ӯ суханҳои нек мегӯянд. Барои гиромидошти хотираи неки ӯ яке аз хоҷагиҳо ба номаш, яъне «Хоҷагии ба номи Иброҳим Салимов» гузошта шудааст. Марди матинирода, Иброҳим Салимов накуном зист ва накуном дар қалби пайвандону ҳамдиёрон боқӣ хоҳад монд.

М. ТАҒОЕВА.

Шаблоны joomla скачать здесь