ИФТИХОР

САРГУЗАШТИ МИРЗОРАҶАБИ ҒАРИБ

Қишлоқаки кӯдакӣ хасу  хори ту бас,

Як лаҳза маро такя ба девори ту бас.

Дар маҳфили маҳтобии чирчираку ман,

Чак-чак задани барги сафедори ту бас.

Аҷаб хислате дорад одамизод. Муҳаббати қишлоқ ё деҳаашро тамоми умр фаромӯш намекунад ва дар қалбаш нигоҳ медорад. Қишлоқ, деҳа ва ё зодгоҳ маконест, ки инсон бо ба ёд оварданаш андешаҳояш ба дурии дур парвоз мекунад. Зодгоҳ маҳалест, ки кас онҷо таваллуд шуда ба воя мерасад, маконест, ки кас он ҷо айёми пурҷӯшу хурӯш ва бебозгашти бачагиашро паси сар мекунад. Аз ин рӯ ҳамеша зодгоҳамонро дӯст медорему ёди он мекунем. Ёди рӯзҳои хубу фаромӯшнашаванда, ёди роҳҳои пурчангу ғубор, вале дар асл роҳи сафеду бобарор, ёди нони гарми танӯриву оби хунуки чашма ва боз як ҷаҳон ёдҳои ногуфта.

Ин ҳама гуфтаниҳои рӯи қоғазовардаро банда дар деҳаи зебоманзари Заркамар паси сар намудаам. Қаҳрамоне, ки мехоҳам дар борааш қисса кунам, зодаи ҳамин деҳа аст. Мирзораҷаби Қаландар, ки ин ном дар деҳаи Заркамар вирди забонҳост. Қисмати бобои Мирзораҷаб чун афсона аҷоибу шуниданбоб буда, ҳама мардуми деҳаро дар ҳайрат гузошта буд. Бобои Мирзораҷаб 17-сол дошт, ки ихтиёрӣ ба ҷанги зидди душмани ғаддор меравад. ҶБВ бо ғалабаи Армияи Советӣ ба анҷом расиду аз Мирзораҷаби Қаландар «хати сиёҳ» омад. Модари ӯ дар ғами фарзандаш мегирист. Хонадони бобои Қаландар ба арвоҳи фарзандашон нону дастархон кушода ба мардум нони хайр доданд. Вале касе дар он ақида набуд, ки аскаре, ки аз ӯ «хати сиёҳ» омада падару модар, ёру бародар ва ҳама ҳамдеҳагонро нолон сохта буд, рӯзе пайдо мешаваду бо пои худаш ба хона бармегардад. Мирзораҷаб бо омаданаш ҳамаро дар ҳайрат мононд. Падару модар аз шодӣ чӣ кор карданашонро намедонистанд. Онҳо 7 шабонарӯз омадани фарзандашонро тӯй дода, аҳли деҳаро ба хурсандиашон даъват карданд. Мирзораҷаб ҳамроҳи худ ҷуфти муносибашро оварда буд. Ӯро бо русдухтаре, ки дар ҶБВ якдигарро дӯст дошта буданд, ҳамхона гардониданд. Онҳо аз зиндагии якҷоя соҳиби ду писар шуданд. Писарон ба воя расиданду чун дигар тоҷикписарон ба Русия ба мардикорӣ рафтанд. Рафтанду дигар барнагаштанд. Бобои Мирзораҷаб бо ҳамсараш кампири Сония танҳо монда боқии умрашонро бо ҳам паси сар намуданд. Ёдам меояд, ки ҳар гоҳ ба дидорбинии онҳо мерафтам, чӣ қадар аз панду насиҳатҳои бобои Мирзораҷаб баҳра мебурдам. Бобои Мирзораҷаб нутқи ниҳоят бурро ва забони ширин доштанду хушгуфтор буданд.

Он кас сар то по панду насиҳат буданд. Ҳама ҳамдеҳагон ба дидорбинии бобои Мирзораҷаб ва момои Сония омада бо як ҷаҳон рӯҳу табъи болида мерафтанд. Дар суҳбатҳо ӯ аз солҳои мудҳиши ҶБВ ёдовар шуда, ашк мерехтанд.

Ба хотир меоварданд, ки чӣ гуна бо русдухтар Сония вохӯрда, бо ҳам аҳд бастанд. Ва он кас ин русдухтарро дар дил «Зулайхои ман» номида шеъраке барояш эҷод кардаю дар ҳама маъракаҳо онро мехонданд. Чун гоҳу ногоҳ қалам ба даст мегирифтаму машғули эҷоди нигоштае мешудам, аз ман хоҳиш менамуданд, ки агар тавонам, дарду алам, ишқи пок ва сарнавишти талху ширини он касро рӯи қоғаз биёрам: «Баъди сари ман ҳам тавонӣ, гуфтаҳоямро навис, то ки одамон хонанду саргузашти Мирзораҷаби ғарибро донанд»,-мегуфт ӯ. Ҳатто таъкид карда буданд, ки номи навиштаҷотамро «Саргузашти Мирзораҷаби ғариб» номгузорӣ бикунам. Чун имрӯз имкон ба ман даст дод, ин хоҳиш ва супориши бобои Мирзораҷабро иҷро менамоям.

Ҳар гоҳ ба деҳа ба дидорбинии падару модари меҳрубонам меравам, аз назди манзилу макони бобои Мирзораҷаб мегузарам. Боз ҳамон кӯчаҳо, ҳамон пайраҳаҳоро тай менамоям, вале афсӯс, ки манзили бобои Мирзораҷаб холист. Онҳо ҳарду ин маконро тарк гуфта, ба хонаи охирати худ рафтаанд. Гӯё ҳам хонаву ҳам ҳавлӣ, ҷамъи дарахтони гирди полиз, гулҳои садбарги сурху сафед, дару девори хона ва ниҳоят ҳар як гулу гиёҳи ҳавлӣ соҳибони донову бомаърифати худро меҷӯянд. Меҷӯянду намеёбанд. Вале чӣ ҳам метавон кард. Танҳо ҳамин имконро дорем, ки бигӯем, рӯҳатон шод ва манзили охирататон обод бошад, бобои Мирзораҷаб ва момои Сония!

Мунаввара ПАРТОЕВА,

омӯзгор.

Шаблоны joomla скачать здесь