ҲУҚУҚ

СЕ ВОҚЕАИ МУҲИМИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Насли калонсоли Тоҷикистон воқеаю рӯйдоди бисту чор соли охири кишварро хуб дар ёд доранд. Воқеаҳои муҳими ин давра хеле зиёданд, ки онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию маънавии сокинони мамлакат дигаргуниҳои чашмрас ворид намуданд. Мо, ки дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ қарор дорем, аз ҳама пеш се рӯйдоди таърихии ҳаёти кишвар пеши рӯ меоянд. Аввалтар аз ҳама рӯзи мубораки 9 сентябри соли 1991, ки он ҳамчун рӯзи ширинтарини ҳаёти ҳар як тоҷики асил маҳсуб мешавад. Нуҳуми сентябр оғози шаҳсутуни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди муқтадири шӯравӣ мо соҳибистиқлолии давлати худро эълон намудем. Чаро нагӯем, ки ин фирӯзӣ ба душманони миллати тоҷик хуш наомад. Ва дар гармогармии рӯзҳои фараҳ моро байни худ ҷанг андохтаанд. Ин рӯйдоди номатлубро таърихнигорон “Ҷанги бародаркуш” унвон додаанд, ки хато нест. Яъне як қавму як миллати якзабон сӯи ҳам чашми теғи бадбинӣ кашид, аз гиебони якдигар гирифт, хонаи дӯсту бародару хешу ақрабои худро оташ зад, бераҳмонаю ваҳшиёна ҷониби кӯдакони маъсум тир холӣ кард. Чӣ бадбахтие буд! Чӣ рӯзҳои шуме! Худовандӣ даҳшати он рӯзҳоро ҳаргиз наорад.
Ба ҳар ҳол, барои насли имрӯза чанд рақаме аз даҳшати харобиовари он солҳо (1992-1997) меорем: беш аз сад ҳазор кас ҷони худро аз даст дод; қариб як миллион нафар иҷборан ватанро тарк карда, ба кишварҳои бегона фирор намуданд; дар Афғонистон, ки бештари мардуми тоҷик фирории он ҷо буд, гӯристони калони тоҷикон ба вуҷуд омад; зиёда аз панҷоҳ ҳазор кӯдакон ятим монданд; беш аз 25 ҳазор модарон бе ҳамсар шуданд; зарари харобкориҳои ҷанг ба 10 миллиард доллари амрикоӣ расид. Яъне, ба як ифода, ҷанги шаҳрвандӣ қомати ҳанӯз ростнашудаи Истиқлолияти Тоҷикистонро шикаст.
Воқеаи муҳимтарини дигар, дар назари нависандаи ин сатрҳо, баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ мебошад, ки бинобар ноором будани вазъи Тоҷикистон, шонздаҳуми ноябри соли 1992 на дар пойтахти кишвар, балки дар шаҳри Хуҷанди вилояти Ленинобод (ҳозир вилояти Суғд) оғоз гардида давоми ним моҳи баргузориаш масъалаҳои мушкилтарини ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистонро ҳаллу фасл кард. Дар ин ҷамъомади таърихӣ дар бораи авф қонун қабул шуд, ки ба размандагони ҳарду ҷониб – ҳам ҷониби ҳукумат ва ҳам ҷониби мухолифин гузаштҳои одилона дод. Қабули қонун дар бораи Парчами давлатии Тоҷикистон низ аз шоҳкориҳои иҷлосияи Хуҷанд мебошад.
Иҷлосия раиси нави Шӯрои Олӣ, ҳамзамон роҳбари давлати Тоҷикистонро дар симои марди серғайрату ҷасур ва одилу ғамхор Эмомалӣ Раҳмонов дид. Э. Раҳмон он замон мансаби раиси вилояти Кӯлобро ишғол менамуд. Ҷаҳду талошҳои сарвари нави Тоҷикистон дар худи ҳамон рӯзҳо ба баргардондани гурезаҳо, оштӣ додани ҷонибҳои даргир, барқарор кардани сулҳу оромӣ, ба маҷрои аввала баргардондани ҳокимияти иҷроия, таъмини озуқавории мамлакат ва ба ҳамин монанд масоили муҳими ҳаётӣ равона гардид. Чунин суханони рӯҳбахши ин шахсияти арзанда, ки аз минбари иҷлосия, баъди Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуданаш, садо дод, ба димоғи насли ҳамон солҳо мисли насими фараҳафзо расид: “Ё ман дар Тоҷикистон сулҳро барқарор мекунам ё дар ин роҳ ҷони худро медиҳам”.
Чизи дигаре, ки аз далерӣ, халқпарварӣ, роҳбари оқилу кордон будани Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад, ин аст, ки аниқан пас аз се ҳафтаи Раиси Шӯрои Олӣ, роҳбари давлат интихоб шуданаш ба мардуми Тоҷикистон муроҷиат карда изҳор намуд: “Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисону фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат  мекунам. Барои ноил шудан ба ин ниятҳои муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам.”
Набояд нодида бигирем, ки кӯшишҳои бесобиқаи роҳбари давлат натиҷаҳои оламгир ба бор овард. Имрӯз халқи тоҷик дар фазои ором умр ба сар мебарад. Музокироту мулоқот ва созишномаҳои сатҳи байналмилалӣ меваҳои басо ширин додаанд. Ширинтарини онҳо 27 июни соли 1997 ба даст омад. Дар ин сана дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар сатҳи олӣ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ва ин воқеаи дигари муҳимтарини кишвар аст, ки аз саҳифаҳои таърихи миллат сутурда намешавад.
Мавриди зикр аст, ки аз соли 1994 (баъди чанд моҳи даргирию хунрезиҳо) то соли 1997, яъне таи 40 моҳ нуҳ карат мулоқоту гуфтушунидҳои дуҷониба (байни намояндагони ҳукумати вақт ва мухолифин) сурат гирифт. Аксари ин мулоқоту гуфтушунидҳо берун аз хоки кишвар гузашт. Дар ин миён 40 ҳуҷҷати муҳим қабул шуд, ки дар 17-тои он имзои Эмомалӣ Раҳмон сабт аст.
Сулҳи умумии Тоҷикистон умеди ҳама умедворон, сулҳи хурду калон, пиру ҷавони кишвар буд. Тавре овардем, ин сулҳ осон ба даст наомад. Он бо кӯшишу ғайрат ва гузашту бахшишу ҳиммати ҳарду ҷониб – ҳукумат ва мухолифин амалӣ шуд. Ҳам Саид Абдуллои Нурӣ, рӯҳаш шод бод, ҳиммат карду ҳам Эмомалӣ Раҳмон. Байни ҳарду ҷониб гузаштҳо бисёр буданд. Ҳамааш ба хотири якпорчагии Тоҷикистон, устувории истиқлолияти ҷавон, паст нашудани номи миллати тоҷик дар ҷаҳон.
Ва инак, 18 сол аст, ки аз ҳавои ороми Ватани аҷдодии худ бе тарсу ҳарос нафас мегирем. Албатта, камию костагиҳои рӯзгорамон ҳастанд. Вале оромӣ моро осуда нигоҳ медорад. Модарон мегӯянд: як лаҳза хоби ороми тифлон баробари сад ҷаҳон сарвату дороист.

Ҷӯрабег МӮМИНОВ.

Шаблоны joomla скачать здесь