ҲУҚУҚ

САРЧАШМАИ ТЕРРОРИЗМ БЕСАВОДИСТ

Дар доираи чорабиниҳои «30 рӯзи ҷавонӣ» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон давомдиҳандаи ҳадафҳои олии кишвар» бо ибтикори бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, шуъбаи маориф, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ва шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар толори бахши фарҳанги ноҳия вохӯрии судманд доир гардид. Дар чорабинии мазкур ҷавонони фаъол аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ширкат варзиданд. Ҷамъомадро мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия Умед Раҳимов ҳусни оғоз бахшида, қайд, кард, ки имрӯзҳо шомил гаштани ҷавонони диёри мо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ба чашм мерасад ва мақсад аз баргузории чорабини ҳам дар пешгирии ин зуҳуроти номатлуб аст.
Сараввал саҳначае зери унвони «Гумроҳ» дар иҷрои ҳунармандони театри халқии ноҳия ба намоиш гузошта шуд, ки аз нофаҳмӣ ва дар ғафлат мондани ҷавони муҳоҷир ва чи гуна шомили гурӯҳи ифротӣ гаштанаш ҳикоят мекард.
Сипас сардори шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ Абдураҳмон Каримов, сардори шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Нуралӣ Муродов ва мудири шуъбаи маорифи ноҳия Файзулло Наҷмиддинов оид ба мушкилоти мазкур ба ҳозирини толор маърӯза карданд. Дар баромадҳо сухан атрофи терроризм, экстремизм, сабабу омилҳо ва таъриху пайдоиши ин падидаи номатлуб гуфта шуд.
Қайд гардид, ки омили асосии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ин надоштани саводи кофӣ ва надонистани фарҳангу тамаддуни миллӣ ба ҳисоб меравад.
Дар хотима ба саволҳои додаи иштирокчиён Абдураҳмон Каримов ва Нуралӣ Муродов ҷавобҳои мушаххас доданд.
Ёдовар мешавем, ки ин чорабинӣ пештар дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия бо иштироки васеи ҷавонон баргузор гардида буд ва чорабинии имрӯза идомаи силсила вохӯриҳо дар  ин мавзӯъ ба ҳисоб мерафт.  

               
       
С. ЮНУСЗОДА,
хабарнигори «НФ».

Шаблоны joomla скачать здесь