ҲУҚУҚ

ХУШУНАТ - САБАБГОРИ БАДБАХТӢ

«Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани  масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки  диққати доимии  тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад.»                                                        

Эмомалӣ Раҳмон.

(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ба Маҷлиси Олии ҶТ, 23 январи соли 2015)

Оила ҳамчун   падидаи таърихӣ, гурӯҳи хурди иҷтимоӣ,   ячейкаи ҷамъиятӣ   ба ҳисоб меравад. Оила он  иморатеро мемонад, ки аз хиштҳо бунёд ёфта. Боиси қайд аст, ки то ба имрӯз насли инсонӣ се давраи никоҳиро паси сар кардааст.    Тамаддуни якканикоҳӣ давраи охирини никоҳист. Бояд иброз дошт, ки  аз нигоҳи динӣ  то зуҳур кардани дини мубини ислом, давраи ҷоҳилият ба ҳисоб рафтаю дар он  ҳуқуқи занон на танҳо дар никоҳ, балки дар ҳама ҷо поймол мегардид.   Яъне бо ибораи солҳои охир маъмул бигирем, хушунати оилавӣ  бараъло ҳис мешуд.
 Пеш аз он ки атрофи  ин ибора ҳарф бигӯем, сараввал  бояд донист, ки   хушунат чист?  Хушунат аз калимаи арабии «хашуна» (яхшуну) гирифта шуда, «дағал будан, ба касе дағалӣ кардан, дуруштӣ» мебошад. Мутаассуф,  хушунат имрӯз ба дарде  табдил ёфта, ки   қисмати зиёди оилаҳои моро фаро гирифтаву яке аз сабабҳои  аз ҳам пош хўрдани оилаҳо гардида ва  сабабгори сарзании он, аксаран аз ҷониби зану мард баробар сурат мегирад. Аксарияти оилаҳои  чанд соли охир дар ноҳия ҷудогардида  аз  муносиб наомадани рафтори зану мард боис шудааст. Пӯшида ҳам нест, ки  дар баъзе мавридҳо   хушунати хонаводагӣ  ба худкушӣ оварда мерасонад.  Чӣ тавре  рақамҳои оморӣ шаҳодат медиҳанд беш аз навад фоизи ба амали худкӯшӣ дастзадаҳоро занон, ба хусус занону духтарони  ҷавон ташкил медиҳад. Чунончӣ аз 11 ҳодисаи худкушии дар соли 2014 рух дода  сабабгори аксарияташ аз  хушунат дар  оила       ибтидо мегирад.
Имрӯз сабабу омилҳои  хушунати оилавӣ гуногун  мебошаду метавон онро   ба чанд қисмат гурўҳбандӣ намуд.
Мушкилоти иқтисодӣ дар оила  яке аз омилҳои пайдоиши хушунат дар рафтори зану мард ба ҳисоб меравад.
Раванди  муҳоҷирати меҳнатӣ   метавонад боиси сар задани хушунат шавад. Дар муҳоҷирати меҳнатӣ шавҳарон баҳри беҳбудии зиндагӣ фаъолият намудаву баъзан побанди ҳавову ҳавас мегарданд ва дар баъзе ҳолатҳо  барои шаҳрвандӣ гирифтан аз никоҳи давлатӣ бо ҳамсари худ даст мекашанд. Ва чӣ тавре  далелҳо собит мекунанд, аз наваду ҳафт ҳодисаи ҷудошавии оилаҳои ҷавон дар ноҳия, қисмати бештарашро ҷавонон баъди ба  муҳоҷират  рафтан амалӣ сохтаанд.
Дурўғ гуфтан, ситез,  бемасъулиятӣ дар оила, мушкилоти ахлоқӣ, рашки беасос, дилсардӣ (бемеҳрӣ) яъне мушкилоти равонӣ ва ё иҷтимоӣ аз дигар  қисмати  хушунати оилавӣ ба ҳисоб меравад, ки аксаран дар   оилаҳои  ҷавон рух додаву гувоҳ барои  ҳаёти мустақилона тайёр набудани онҳост.
 Аз ин хотир вақти он расидааст, ки пеш аз ташкили  оилаҳои ҷавон   дар фикри он бошем, ки писарону духтарон ба он ҳамаҷониба омодагӣ бигиранд. Яъне баробари падару модарон мактаб низ дар  ин самт масъулияти чашмрасеро бояд ба уҳда дошта бошад. Зеро дар кишварҳое чун Ҳиндустон, мактабиён курсҳои махусуи оиладориро хатм менамоянд, ҷудошавии оилаҳо ва хушунати оилавӣ дар ин  кишвар хеле кам ба чашм мерасад.
Надонистани   қонун ва ҳуқуқҳои хеш  дар ҷомеа ба   поймол шудани ҳуқуқҳои  шахс оварда мерасонаду  сабабгори сар задани хушунат мегардад. Айни замон, ки таъсири ҷиддии дин ба ҷомеа    баръало ба чашм мерасад, қисме  аз ҷавонони мо   ҳамсарони худро барои дар кунҷи хона нишастану ба тарбияи кӯдак машғул шудан маҷбур мекунанд. Ҳол он ки модари    «кунҷи хона» ба кӯдак чиро меомӯзонад,  вақте ӯ худ аз ҷомеа чизе наомӯзад?  Зуроварӣ аз ҷониби хонаводагони як тараф бар тарафи дигар,   маҷбурӣ ҷудо намудани оилаҳои ҷавон ва гузоштани шарту шароитҳои гуногун назди навхонадорон,  низ боиси ҷудо шудани оила мегардад. Масалан,  бисёрҳо  шоҳиди он мешавем, ки падару модари домод, ба хусус хушдоманҳо,   назди келинҳои ҷавони худ шарту шароитҳои зиёде монда онҳоро ба  беҳунарӣ айбдор намуда, аз писаронашон талаби талоқи ҳамсаронашоро мекунанд.Дар ин хусус парвандаҳои зиёде, ки дар суди ноҳия мавриди барасӣ қарор гирифтааст, гувоҳӣ медиҳад.
Бояд қайд намоем, ки  пеш  аз ҳама сабаби асосии оромиву осудагӣ ва хушҳолӣ дар оила, ин муносиб будани ҳамсарон   аз ҷиҳати фикру андеша, фарҳангу маданияту ахлоқ, ақлу заковат, фаҳмиш ва ҳатто ба урфу одат наздик будани онҳост. Аз ин лиҳоз, барои бунёди оила вақти он расидааст, ки  набояд марду занро маҷур кард.  Бояд ба он бикушем, ки дар ҳама ҳолат  пеши роҳи хушунати оилавӣ гирифта шавад.  
Хушбахтона, дар ҷумҳурии мо барои пешгирии хушунат дар оила моҳи марти соли 2013  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила»  қабул гардид. Қонуни мазкур дар баробари ҳимояи ҳуқуқи занҳо аз хушунат дар оила, ҳамчунин баробарии ҳуқуқи зану мард дар ҳама масоили иҷтимоиро пешбинӣ намудааст.  Аммо бояд қайд намуд, ки қисми ками аҳолӣ, бахусус  занон, аз ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва шаҳрвандии худ огоҳанду халос. Аз ин рӯ, барои пешгирӣ ва  бартараф намудани хушунати хонаводагӣ   марду  зан ҳаматарафа дар барпо намудани оила омодагӣ гирифта, аз ҳуқуқи шаҳрвандию  қонунҳои мавҷуда огоҳӣ дошта бошанд.. Зеро мақсад аз қабули қонуни мазкур ин ҳимояи ҳуқуқии оила ҳамчун асоси ҷамъият, танзими ҳуқуқии муносибатҳо  вобаста ба пешгирии зўроварӣ дар оила, мусоидат намудан ба татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила, ошкор , пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои   зўроварӣ дар оила мусоидаткунанда ва мусоидат дар баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд мебошад.
Агар хоҳем, ки амали зўроварию хушунат дар оилаҳои мо  рух надиҳад, пас бояд эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, қонуният, инсондўстӣ, дастгирӣ ва таъмини пойдории оила, иштироки аҳли ҷомеа, мақомоту ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва хусусӣ, дар низоми иҷтимоӣ ва ҳуқуқии ҳифзи ҳаёт ва саломатии аъзои оила, ҳамчунин  ҷавобгарӣ барои зўроварӣ дар оиларо ба ҷо биёрем.


Тиллои  Соҳибназар,
хабарнигори «Набзи Файзобод».

Шаблоны joomla скачать здесь