ҲУҚУҚ

ИХТИЁРИЁН ҶАВОНМАРДОНИ ҲАҚИҚИЯНД

ИХТИЁРИЁН ҶАВОНМАРДОНИ ҲАҚИҚИЯНДДар асоси Фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  аз 12 марти соли 2015, таҳти  рақами  418 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати шаҳрвандони солҳои 1988-1997 ба хизмати ҳарбӣ»   дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Артиши миллии кишвар бо баргузории «Рӯзи даъватшаванда» оғоз ёфт. Дар ҳамин асос қарори раиси ноҳия аз 15 марти соли равон ба тасвиб расида,  комиссияи  даъвати наваскарон  таъсис дода шуд.  Чорабинии Рӯзи даъватшаванда дар комисариати ҳарбии ноҳия, ки бо иштироки васеи даъватшавандагон ва падару модарон баргузор гардид, ки  хело хотирмон гузашт.  Он рӯз зиёда аз 30 нафар ҷавонон ихтиёрӣ барои хизмати Модар-Ватан ҳозир гардиданд.
Раиси ноҳия Имомназар Каримиён зимни баромади худ ҳамаи даъватшавандаҳоро барои ба хизмати Ватан омода шудан табрик гуфта, қайд, кард, ки хизмат дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи кишвар  қарзи шаҳрвандӣ ва номуси ҷавонмардии мост.  Аз ин рӯ, бояд ҳар як волидайн кӯшиш намояд, ки ҷавонон бо дарки баланди ватандорӣ   сарзамини азизи хешро ҳифзу ҳимоя намоянд.
Комиссари ҳарбии ноҳия Қудратулло Сафаров бо қаноатмандӣ иброз намуд, ки ҷавонмардони диёрамон қатори дигар фарзандони баору номуси Ватан дар ҷузъу томҳои артиши кишвар сарбаландона хизмат намуда истодаанд. Комисар изҳори боварӣ кард, ки  наваскарон ба ҷумлаи беҳтарин ҳимоятгарони Ватан хоҳанд шуд.
Ҷавононе, ки имрӯз ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар сафарбар гардиданд, ҳамагӣ бо табъи хушу рӯҳи болида аз комиссияи тиббӣ мегузаштанд. Онҳо зимни сафарбаршавӣ ба сафи артиши миллӣ дигар ҷавонони ноҳияро даъват  карданд, ки  қарзи фарзандии худро дар назди Ватан- Модар иҷро карда, ҷавонмарди ҳақиқӣ бошанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар рӯзи аввали даъват  аз ҷамоатҳои деҳоти Ҷавонон, Меҳробод ва Қалъаи дашт 5-нафарӣ, ҷамоатҳои деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев, шаҳраки Файзобод 4-нафарӣ, Мискинободу Бӯстон 3-нафарӣ, ҷамоати деҳоти Чашмасор 2 ва Вашгирд 1нафар ба хизмати Ватан рафтанд.


Собир РОЗИҚОВ,
хабарнигори «НФ».

Шаблоны joomla скачать здесь