ҲУҚУҚ

НИКОҲИ БАРМАҲАЛ ҶИНОЯТ АСТ

     НИКОҲИ БАРМАҲАЛ ҶИНОЯТ АСТДар маҷлиси сайёри судӣ, ки  дар толори ҷамоати шаҳраки Файзобод   баргузор шуд, парвандаи ҷиноятиро нисбати  се нафар мавриди  муҳокима қарор дод. Се нафаре,ки дидаву дониста даст ба қонуншиканӣ задаву барои  ба шавҳар додани духтараки ноболиғи  ҳанӯз ба синни шонздаҳ нарасида «саҳм» доранд.  Модари ноболиғ Мулоева Шаъмигул Сабуровна, сокини кӯчаи И. Сомонии маркази ноҳия,  муллои никоҳгар Саидов Шариф Воҳидович, ҷои истиқоматаш ноҳияи Файзобод, ҷамоати деҳоти Мискинобод, деҳаи Заркамар ва домод Саидзода Давлатхоҷаи Муҳиддин, сокини деҳаи Заркамари ҷамоати деҳоти Мискинобод аз “кирдори“ғайриқонунии худ дар назди қонун ҷавоб гуфтанд.

 
Шаъмигул  Муллоева медонист, ки  духтараш Шаҳригули Тоирро, ки  19 марти 1998таваллуд шудаву ба синни никоҳӣ қадам нагузоштааст, дидаву дониста  ба  Саидзода Давлатхоҷаи Муҳиддин  ба шавҳар медиҳад.
Шаҳригул дар ошхонаи “Мадина” шаҳраки Файзобод муддати 4-5 моҳ бо   Давлатхоҷа якҷоя кор кардаву дар ин муддат бо ҳам  изҳори муҳаббат намуда аҳд кардаанд, ки  дар оянда бо ҳам зану шавҳар мешаванд. Ҳатто барои амалӣ сохтани ин  ният  падару модари Давлатхоҷа якҷоя бо ӯ ду маротиба моҳи декабри соли 2013 ба хонаи Шаъмигул  хостгорӣ омаданд. Хоҳиш намудаанд, ки духтараш Шаҳригулро ба писарашон Давлатхоҷа ба занӣ диҳад.  Мувофиқи маслиҳати тарафайн тӯйро ба тобистони ҳамин сол қафо партофтанд.
Шаъмигул  “кори хайрро”ба қафо напартофту   камбизоатии оилааш  ва    шароити  бениҳоят душвори зиндагиро сабаб дониста  ба тӯйи ҷавонон камар баст.
“-Шаҳригул худаш танҳо додару хоҳаронашро хӯрондаву   мепушонад,     писари калон надорад, бигузор, Давлатхоҷа ҳам домоду ҳам фарзандаш шуда, бо арӯсаш якҷоя кор карда  якҷоя зиндагонӣ кунанд”- андеша ронд Шаъмигул ва пайи баргузории тӯй шуд.
Ҳамин тавр домод Давлатхоҷа аз падару модараш пинҳонӣ рӯзи 02.01.2014 сол равған, орд, гӯшт, шириниҳо ва либосаву пушока, ҳамчуниназ деҳаашон шахсеро  бо номи мулло Шариф ба хонаи Шаъмигул овард. Зиёфати хурде ороставу Шаҳригулро бо Давлатхоҷа  ба тариқи мусулмонӣ никоҳ карданд.
Баъди  никоҳ домод  Давлатхоҷа бо   Шаҳригул дар хонаи хушдоманаш зиндагӣ доштанд, баъдтар  арӯсро  домод ба хонаи падару модараш ба деҳаи Заркамар бурд.
Ҳамин тавр бо амали худ даст ба ҷиноят задаву курсии айбдориро   барои худ ихтиёр карданд.
Судшавандаҳо Муллоева Шаъмигул Сабуровна, Саидов Шариф Воҳидович ва Саидзода Давлатхоҷаи Муҳиддин гунаҳгории худро дар амали содиршуда инкор накарданд. Ҳамин буд, ки суд ҳамаҷониба парвандаро  муҳокима намуда гунаҳкорони ин қазия    Мулоева Шаъмигул Сабуровна, Саидов Шариф Воҳидовичро бо моддаи 168-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саидзода Давлатхоҷаи Муҳиддинро  бо моддаҳои 141 қисми 1 ва 169 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор шуморида, ҷазо муқаррар кард.
Мутаассуф, касе барои пешгирии ин қонуншиканӣ  амалеро раво надид. Магар  фаъолони  бинову кӯчаи дар он истиқоматдоштаи  Шаъмигул Муллоева намедонистанд, ки Шаҳригул  ҳанӯз ба шонздаҳ нарасидааст ё худ  мулло Саидов Шариф Воҳидович имкон надошт  пеш аз  қироати хутбаи никоҳ  синну сол ва авзои саломати арӯсро  пурсад.

Ғозибек Сафаров,
судяи суди ноҳия.

Шаблоны joomla скачать здесь