Чт07192018

Last updateПн, 16 Июль 2018 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ҲАМДИЁРОНИ МО

ХӮРОКИ ЧОРВО АФЗУН МЕГАРДАД

Ҷамъоварии хӯроки чорво дар ҷамоатҳои қисмати поёнии ноҳия муташаккилона оғоз гардид. Дар рӯзҳои аввали ҷамъоварии хошок техникаҳои алафдараву тойбанд ба саҳро бароварда шуда, аллакай ба қадри 2 ҳазор тонна хошок захира карда шудааст.

- Имсол - гуфт сардори шуъбаи кишоварзӣ Шамсулло Абдуназаров - дар партави супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои чорвои мавҷуда ба миқдори 30 ҳазор тонна хошок захира карданием, ки ин миқдор нисбати нақша 3 ҳазор тонна зиёд мебошад. Тибқи нақшае, ки дорем, имсол захираи 200 тонна хӯрокиҳои ширадор, аз қабили лаблабу (40 тонна) ва ҷуворимакка (160 тонна) дар назар аст. Захираи фаровон имкон медиҳад, ки маҳсулнокии чорво зиёд гардад. Хушк омадани баҳори имсола дар қисмати Ҷануби Тоҷикистон сабаби дермони сабзиш ва ҷамъоварии хӯроки чорвогардид. Аз ин хотир ҳарчӣ зиёдтар захира кардани хӯроки чорво ба манфиати кор аст. Чунки зиёдатии хошоки ҷамъовардаро метавонем ба ноҳияҳое, ки аз хӯроки чорво танқисӣ мекашанд, фурӯшем. Ҳамчунин имкон дорем бо   ҷамъоварии хошоки байни қаторҳои боғ, ҷӯйю заҳбурҳо ва пояи картошкаву сабзавот захираи кофии хуроки чорворо тайёр намоем.

Оғози муташаккилонаи ҷамъоварии хӯроку захираи он аз он маълум мекунад, ки чоровдорон дар қавлашон устувор истода иҷрои барзиёди нақшаро таъмин менамоянд.

С.ТИЛЛО.